Март 19, 2024 18:21 Asia/Dushanbe
  • Равобити Эрон ва Русия дар арсаҳои мухталифе рӯ ба рушд аст
    Равобити Эрон ва Русия дар арсаҳои мухталифе рӯ ба рушд аст

Раиси Ҷумҳӯрии Эрон дар муколамаи телефонӣ бо раиси Ҷумҳӯрии Русия , ҳузури Эрон ва Русия дар созмонҳои минтақаӣ ва иҷрои тавофуқоти фимобайнро заминаи муносибе барои иртиқои равобит унвон кард .

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо , Сайид Иброҳими Раисӣ дар гуфтугӯи телефонӣ бо « Владимир Путин » раиси Ҷумҳӯрии Федератсияи Русия , зимни табрики эътимоди дубораи мардуми Русия ба вай ва  интихоби муҷаддад барои ин симат , изҳори умедворӣ кард оғози фаъолияти давлати ҷаддиди Русия , заминаи муносиб барои густариши беш аз пеши равобит ва  ҳамкориҳои созандаи Эрон ва  Русия дар арсаҳои мухталиф бошад .

Раиси Ҷумҳӯрии Русия низ дар ин муколамаи телефонӣ зимни сипосгузорӣ аз паёми катбӣ ва тамоси телефонии доктор Раисӣ барои табрики интихоби муҷаддади вай ба раёсати Ҷумҳурии Федератсияи Русия ва  табрики мутақобили фарорсидани моҳи мубораки Рамазон ва низ оғози соли нави Хуршеди , ва ниҳоӣ шудани қарибалвуқуъи пешнависи мувофиқатномаи ҷомеъи ҳамкориҳои Эрону Русия ишора карду афзӯд : Баргузории муваффақи нишасти камиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар Теҳрон ва низ рушди 77 дарсадии тиҷорати колои миёни Эрону Русия аз нишонаҳои мусбати иртиқои ҳамкориҳои Теҳрон - Маскав аст .

Барчасп