Март 20, 2024 13:09 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Соли 1403 соли афзоиши тавлид хоҳад буд
    Раисӣ: Соли 1403 соли афзоиши тавлид хоҳад буд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо табрики соли ҷадид ва тақоруни он бо моҳи мубораки Рамазон гуфт: Соли 1403 соли афзоиш тавлид хоҳад буд.

Ба гузориши хабаргузорӣ Эрон Пресс, Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёми телевизиони ба муносибати оғози соли нави шамсии 1403 бо баршумурдани таҳаввулоти соли гузашта дар ҳавзаҳои мухталиф гуфт: Соли 1402 соли пурфароз ва нишеби ҳамроҳ бо ҳодоси мууҳим буд ҳам ширини дошт ва ҳам иттифоқоти талх, аммо бароянди иттифоқоти соли гузашта рушди Эрон дар ҳамаи бахшҳо буд.

Раисӣ афзуд: Се сол пай дар пай аст ки кишвар рушдҳои болои 4 дарсадиро таҷруба мекунад ва ин дар ҳоле аст ки миёнгини рушди иқтисодӣ дар даҳаи 90 камтар аз як дарсад буда аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрони таъкид кард: Бо ҳамроҳии мардум, соли 1403 соли равнақи бештари тавлиду иқтисод, коҳиши бештари нархи таваррум ва хизматрасонии густарда ба эрониён аст.

Раисӣ бо ишора ба талоши душманон барои зарба задан ба Эрони исломӣ, иттиҳод, ҳамдили ва ҳамроҳии мардум ва масъулонро сабаби нокомии душманони Эрон исломӣ донист ва таъкид кард: Ҳузури маънодори мардум дар арсаҳои мухталиф, душманонро ноумед кард.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гурези ба таҳаввулоти минтақа ва ҷанги Ғазза ҳам зад ва бо маҳкумияти ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва таҳсини истодагии фаластиниён дар баробари душмани саҳюнистӣ гуфт: Зургуёни олам аз ба рузтарин бомбҳои сангаршикан то миллиардҳо доллар пул дар ихтиёри саҳюнистҳо қарор доданд то ду миллионҳо инсон дар Ғаззаро аз байн бибаранд, аммо натавонистанд.