Март 20, 2024 22:15 Asia/Dushanbe
  • Суханронии наврузии раҳбари инқилоб дар ҳусейняи имоми Хумайни (раҳ)
    Суханронии наврузии раҳбари инқилоб дар ҳусейняи имоми Хумайни (раҳ)

Раҳбари муаззами инқилоб дар суханронии наврузии 1403 бо таъкиди муҷаддад бар мавзуи иқтисод ва нақши муассири мардум дар ҳали масоил кишвар фармуданд: Иқтисоди масъалаи аслии кишвар аст; агар иқтисоди кишвар шакли матлуби пайдо кунад, метавонад дар даину дунёи мардум асар дошта бошад.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, оятулло Сайид Алии Хоманаӣ баъд аз зуҳри имруз чаҳоршанбе аввали фарвардинмоҳи 1403 дар дидори мардуми дар ҳусейняи имоми Хумайни (раҳ) изҳор доштанд: Насими баҳори табиат ва баҳори маънавияти имруз барои бандагони муъмин ва солеҳ қобили истифода аст. Насими маънавии баҳори Рамазон ба ҷони инсон равшани ва тароват мебахшад. Шумо дар моҳи рамазон ба суи салоҳ сайр мекунед.

Ишон афзуданд: Моҳи рамазон чунин ҳунарӣ дорад ки инсон огоҳ роҳ ба мароҳили маънави пеши бибарад.

Мақоми муаззами раҳбарӣ дар бораи шиори имсол низ баён карданд: Шиори соли маъмулан бахше аз роҳбурди асосии кишвар аст; он чи дар ин чанд сол дар шиори сол вуҷуд дошт, тавваҷуҳ ба масоил иқтисодӣ аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоаманӣ таъкид карданд: Шиори соли 1402 имсол ҳам ҷузви мутолибот ва вазоифи асосӣ мо аст. Иқтисод масъалаи аслии кишвар аст агар иқтисоди кишвари шакли матлуби пайдо кунад, метавонад дар даину дунёи мардум асар дошта бошад.

Раҳбари муаззами инқилоб изҳор карданд: Солҳост душманон талош мекунанд ки иқтисоди кишварро ба зону дарбиоваранд. Бо ҳиммати ҷавонон ва талошҳои фаровон, душмани муваффақ нашудааст ва ба ҳавлу қувваи илоҳи муваффақ нахоҳад шуд.

ишон тасреҳ карданд: Барои ин ки иқтисоди кишвар шукуфо шавад, бояд ҳамаи чархи дандаҳои бузургу кучак ба роҳ беафтанд. Барои муваффақият бояд аз мушорикати мардум ба маънои воқеии калима истифода шавад. Дастёби ба аҳдофи барномаи ҳафтум бо мардум анҷом мегирад. Дар корҳои муҳими кишвар, басиҷи мардуми коргушо аст.

Раҳбари инқилоб бо таъкид бар ин ки баҳравари дар кишвари мо камаст ва албата алоҷ дорад бар муроқибати масъулон дар ҳавзаи масоили иқтисоди таъкид ва хотирнишон карданд: Дар гузашта касоне буданд ки аз имконоти давлатӣ суъиистифода карданд.

Ишон изофа карданд: Пешрафтҳо дар сурати имконпазираст ки ман ва шумо ба оянда умедвор бошем; ҳазорон гуруҳи ҷавони пуртавон дар кишвар бо шавқ машғули кор ва талош ҳастанд; иҷтимоъоти азими арбаъин ва аёми нимаи шаъбон дар сартосари кишвар кори ҷавонҳост; бо вуҷуди ин ҳамаи авомили умедзо бархе камин гирифтаанд ки руҳи умедро дар ҷавонҳо аз байн бибаранд ман ба ҷавонҳо тавсия мекунам ки ҷилавтар аз нақшаи душман ҳаракат кунед.

Раҳбари муаззами инқилоб ёдовар шуданд: Ваҳдат, сиёсати қатъи низом аз рузи аввал буда аст. Набояд ихтилофи салиқа ва ихтилофи сиёсии сабаби нафратпароканӣ шавад; душман мехоҳад шуморо ноумед кунад шумо беш аз у талош кунед барои шукуфои умед дар дилҳои ҷавонон; баъзе аз садоҳоро душман мехоҳад ба гушҳо нараса, шумо алорағми душмани ин садоҳоро ба гушҳо бирасонед.

Ишон таъкид карданд: Руз ба руз ҷабҳаи муқовимат дар ғарби Осиё бояд тақвият шавад; ташкили ҷабҳаи муқовимат барои мувоҷиҳа бо зулми мустамари ҷинояткорони саҳюнизм аст муқовимат аз тавонмандии худ рунамои кард ва ҳамаи муҳосиботи душманро ба ҳам зад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар идомаи суханронии худ дар дидори наврузии мардум бо ишон дар ҳусейнияи имоми Хумайни (раҳ) дар бораи муқовимати Фаластин гуфтанд: Қудрати муқовимат, муҳосибаи ғалати Амрикоиҳо барои ин минтақаро ба ҳам зад режими саҳюнистӣ дар беруномадани аз буҳрон низ дучори буҳрон аст имруз режими саҳюнистӣ қудрати тасмим гири надорад.

Дидорҳои наврузии раҳбари инқилоб дар солҳои гузашта дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати имом Ризо(а) баргузор мешуд ки имсол бо тавваҷуҳ ба тақоруни оғози соли 1403 ҳиҷрии шамсӣ бо аёми моҳи мубораки Рамазон дар Теҳрон баргузор мешавад.