Март 22, 2024 16:03 Asia/Dushanbe

Маросими гиромидошти наврузи имсол низ ба ҳиммати намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид бо ҳузури сафирон ва дипломатҳои 12 кишвари ҳавзаи тамаддунии навруз ва низ дипломатҳои дигар кишварҳо ва раиси маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНА, Амирсаъиди Ираванӣ, сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид, сафирон ва намояндагони 11 кишвари ҳавзаи тамаддунии навруз, Денис Франсис раиси маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва намояндаи ЮНЕСКО низ дирузи чаҳоршанбе дар суханони кутоҳи дар маросими гиромидошти наврузи имсол, бо табрики навруз ва оғози баҳор бар тарвиҷи сулҳу ҳамбастагӣ дар миёни миллатҳо ва давлатҳо таъкид карданд.

Дар маросими гиромидошти наврузи имсол ки мусодиф бо моҳи мубораки Рамазон буд ва ба мизбонии Амирсаъиди Иравонӣ дар маҳали шурои қаймумияти Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд суфраи ҳафтсин тавассути намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мақари Созмони Милали Муттаҳид барпо шуд ва ҳар як аз кишварҳо низ бо афзудани намодӣ аз фарҳанги худ бар ғанои ин суфра афзуданд.

Антонио Гутерриш дабири кули Созмони Милали Муттаҳид низ дар паёми видеои худ ба муносибати иди навруз бо табрики соли 1403 ҳиҷрии шамсӣ гуфт: Навруз ҷашни пайдоиш ва оғозӣ ҷадиди аст ки миллионҳо нафарро аз наслҳо ва миллатҳои мухталиф гирдиҳам меоварад.

Кишварҳои ҳавзаи тамаддунии навруз шомили 12 кишвар Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Узбекистон, Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия, Ироқ, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ҳинд ҳастанд.

Барчасп