Март 22, 2024 22:10 Asia/Dushanbe
  • Пирузии пургули Эрон муқобили Туркманистон ва идомаи садрнишинӣ
    Пирузии пургули Эрон муқобили Туркманистон ва идомаи садрнишинӣ

Тими миллии футболи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳафтаи севуми интихобии ҷоми ҷаҳонии 2026 баробари Туркманистон ба пирузии пургули 5 бар сифр даст пайдо кард.

Ба гузориши ИСНА, дар даври севуми рақобатҳои гуруҳи E муқаддамотии ҷоми ҷаҳонии 2026 дар қорраи Осиё, тими миллии футболи Ҷумҳурии Исломии Эрони дируз панҷшанбе дар варзишгоҳи Озодӣ дар Теҳрон ба масофи тими миллии Туркманистон рафт ва тавонист бо панҷ гул ин тимро аз пеш ру бардорад .

Тими миллии Эрон дар гуруҳи панҷуми муқаддамотии ҷоми ҷаҳонӣ бо тимҳои Узбекистон , Туркманистон ва Гонконг ҳамгуруҳ ҳастанд ва пеш аз ин 4 - 0 тими Гонконгро шикаст доданд ва бо тими Узбекистони 2 - 2 мусови кард .

Бистусевумин давраи мусобиқоти байналмилалии ҷоми ҷаҳонии футболи мардони 2026 аз 11 июн  то 19 июли 2026 ба таври муштарак тавассути 16 шаҳр дар се кишвари Амрикои Шимолӣ , Канада , Мексика ва Амрико мизбонӣ хоҳад шуд.

Барчасп