Маҳкумияти ҷиноёти саҳюнистҳо дар бемористони Аш-Шифои Ғазза аз тарафи Эрон
(last modified Mon, 25 Mar 2024 07:20:48 GMT )
Март 25, 2024 12:20 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Канъонӣ ба масъулияти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои исломӣ нисбат ба ҳимоят аз миллати мазлуми Фаластин
    Таъкиди Канъонӣ ба масъулияти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои исломӣ нисбат ба ҳимоят аз миллати мазлуми Фаластин

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ҷиноёти саҳюнистҳоро дар бемористони Аш-Шифои Ғазза маҳкум кард.

Ба гузориши рӯзи душанбеи Хабаргузории садо ва симо, Носири Канъонӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Мутаасифона, зарфи чанд рӯзи гузашта бар асари ҷиноёти ваҳшиёнаи режими ишғолгар, 180 тан аз беморон, кадри дармон ва оворагони фаластинии муҳосирашуда дар бемористони Аш-Шифои Ғазза ба шаҳодат расидаанд.

Носири Канъонӣ зимни маҳкум кардани ҷиноёти зиддиинсонӣ ва ҳавлноки артиши режими саҳюнистӣ алайҳи кадри дармонӣ, беморон, маҷрӯҳон ва оворагони фаластинӣ дар бемористони Аш-Шифои Ғазза гуфт: Як ҳафта аст, ки бемористони Аш-Шифои Ғазза ва муҳавватаи он ба ҳамроҳи беморон, кадри дармону оворагони фаластинӣ, бавижа занону кӯдаконе, ки дар он ҷо паноҳ гирифтаанд, дар муҳосираи шадиду ғайриинсонии артиши террористии режими саҳюнистӣ қарор доранд ва ин режим бо иртикоби ҷиноёте ҳавлнок дар ин бемористон, барги нангини дигаре бар таърихи ҳаёти накбатбору феҳристи сиёҳи ҷиноёти худ афзудааст.

Канъонӣ афзуд, дар ин миён гузоришоти такондиҳандаву ҳавлноке дар хусуси шиканҷа, беэҳтиромӣ ва куштори занони фаластинии маҳбус дар ин бемористон низ шунида мешавад, ки ин амр ниёзманди иқдоми фавриву қотеи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ташкили гуруҳи таҳқиқи байналмилалӣ ба манзури ошкорсозии ҳаҷми ҷиноёти ҷангии саҳюнистҳо дар бемористони Шифо аст.

Канъонӣ таъкид кард, Ҷумҳурии исломии Эрон бори дигар масъулияти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои исломӣ нисбат ба ҳимоят аз миллати мазлуми Фаластин, бавижа сокинон ва ҷангзадагони таҳти муҳосираи борикаи Ғаззаро ёдовар шудаву хостори иқдоми муассир, қотеъ ва фаврии давлатҳову ниҳодҳои ҳуқуқиву байналмилалӣ дар таваққуфи ин ҷиноёт ва ташкили парвандаи кайфарӣ ҷиҳати пайгарду муҳокимаи омирон, омилон ва ҳомиёни ин қабил фоҷеаҳои инсонӣ аст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, ин қабил ҷиноёти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ҳаққонияти миллати Фаластин дар тавассул ба муқовимат ба унвони ҳаққи машруи онон алайҳи ишғолгарии ин режимро беш аз пеш исбот карда ва қатъан бар азму иродаи миллати Фаластину суботу пойдориву муқовимати қаҳрамононаи онон барои эҳқоқи ҳуқуқи ҳуққаи хеш, бавижа ҳаққи таъйини сарнавишт хоҳад афзуд.

 

Бештар бихонед: