Март 25, 2024 15:41 Asia/Dushanbe
  • Шумори шаҳидони фаластинӣ дар Ғазза то кунун ба 32 ҳазору 226 нафар расидааст
    Шумори шаҳидони фаластинӣ дар Ғазза то кунун ба 32 ҳазору 226 нафар расидааст

Даҳҳо ҳазор нафар аз мардум ва донишҷӯён дар шаҳрҳои мухталифи Эрон, бо баргузории таҷаммуоти густарда, ҷиноёти режими саҳюнистиро маҳкум ва ҳимояти худ аз мардуми мазлуми Ғаззаро эълом карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон пресс”, бахше аз ақшори мардуми Теҳрон - пойтахти Эрон якшанбешаб дар майдони Фаластини ин шаҳр ҳузур пайдо карданд ва бо сар додани шиор алайҳи режими ишғолгари Қудс, бархӯрди ниҳодҳои байналмилалӣ бо ҷиноёти ҷадиди ин режимро хостор шуданд.

Ҳамчунин дар маҳалли баргузории намоишгоҳи Қуръон дар Мусаллои Теҳрон ҷамъе аз мардум бо баргузории таҷаммуе ба ҷиноёти режими саҳюнистҳо эътироз карданду шиорҳое дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Ғазза сар доданд. Дар масҷиди Арги Теҳрон низ мардум таҷаммуи эътирозӣ нисбат ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ баргузор шуд.

Гурӯҳе аз мардуми шаҳри Ҳамадон дар ғарби Эрон низ субҳи рӯзи душанбе бо маҳкум кардани ҷиноятҳои ваҳшиёнаи саҳюнистҳо ва оташ задани парчами режими тақаллубии саҳюнистӣ, ҷамъ омаданд.

Дар шаҳрҳои дигари Эрон, аз қабили Машҳад ва Табрез, барои ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин ва нафрат аз наслкушӣ дар Ғаззза гирдиҳамоиҳои густарда баргузор мешаванд.

Бар асоси баёнияи Вазорати беҳдошти Фаластин дар навори Ғазза, шумори шаҳидони ҳамлаҳои режими наслкуши саҳюнистӣ алайҳи фаластиниҳо дар навори Ғазза аз 7 октябри соли 2023 ба 32 ҳазору 226 нафар ва теъдоди захмиён ба 74 ҳазору 518 нафар расидааст.

 

Барчасп