Баргузории нахустин шаби Қадр ва шабзиндадории мардуми Эрон
Мардуми саросари Эрони исломӣ ҳамзамон бо шаби нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазон ва нахустин шаб аз шабҳои Қадр, бо ҳузур дар масоҷид ва дигар маконҳои мазҳабӣ оини шаби Қадрро баргузор карданд.
Саҳаргоҳи нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазон, ибни Мулҷами Муродӣ, аз гурӯҳи хавориҷ дар ҳоле, ки ҳазрати Алӣ(а), домод ва писарамаки Паёмбари акрам(с) дар ҳоли иқомаи намози субҳ буданд, шамшери заҳрогини худро бар фарқи мубораки ишон фуруд овард.
Имом Алӣ(а) пас аз зарбат хӯрдан дар хона бистарӣ ва ду рӯз баъд, бисту якуми моҳи мубораки Рамазон шаҳид шуданд.
Шабҳои нуздаҳум, бисту якум ва бисту севуми моҳи мубораки Рамазон шабҳои Қадр аст ва мусулмонон бо шабзиндадорӣ, Қуръон бар сар гирифтан, ниёиш ва хондани дуои Ҷавшани кабир, бо Худои худ розу ниёз мекунанд.
Шаби Қадр, шабе аст, ки дар тамоми сол шабе ба фазилати он намерасад ва амал дар он беҳтар аз амал дар ҳазор моҳ аст ва дар он, тақдири сол рақам мехӯрад.
Мардуми муъмини Эрони исломӣ дар шабҳои Қадр бо ҳузур дар масоҷид ва дигар маконҳои мазҳабӣ ба вежа ҳарам мутаҳҳари Имом Ризо (а) дар Машҳад (шимолу шарқи Эрон), масҷиди Ҷамкарон ва ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсума (с) дар Қум (ҷануби Теҳрон), оини шаби Қадрро ба ҷо меоваранд.