Ҳамлаи террористӣ ба худрави интизомӣ дар Саровон бо 5 шаҳид
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i113466-Ҳамлаи_террористӣ_ба_худрави_интизомӣ_дар_Саровон_бо_5_шаҳид
Муовини амниятӣ ва интизомии устондори Систон ва Балучистон гуфт: Маъмурони интизомии ин устон дар ҳини анҷоми маъмурият бо ашрори мусаллаҳ даргир шуданд, ки дар ин даргирӣ панҷ неруи интизомӣ шаҳид ва як тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 10, 2024 13:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи террористӣ ба худрави интизомӣ дар Саровон бо 5 шаҳид

Муовини амниятӣ ва интизомии устондори Систон ва Балучистон гуфт: Маъмурони интизомии ин устон дар ҳини анҷоми маъмурият бо ашрори мусаллаҳ даргир шуданд, ки дар ин даргирӣ панҷ неруи интизомӣ шаҳид ва як тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ба гузориши ИРНА, Алиризо Марҳаматӣ, муовини амниятӣ ва интизомии устондори Систон ва Балучистон рӯзи( сешанбе) дар хусуси ин ҳамлаи террористӣ ва буздилонаи ашрор гуфт: Асри рӯз теъдоде аз ашрор дар меҳвари байни Сурон-Меҳристон ба як гашти интизомӣ, ки дар ҳоли маъмурият буданд ҳамла мекунанд, ки муттассифона дар ин ҳамла панҷ нафар аз маъмурони интизоми ба шаҳодат мерасанд ва як нафар низ маҷрӯҳ мешавад.

 Марҳаматӣ афзуд: Амалиёт барои пайдо кардани омилони ин ҳодисаи террористӣ тавассути маъмурони интизомӣ ва амниятӣ дар ҷараён аст.

 Муовини амниятӣ ва интизомии устондори Систон ва Балучистон ҳамчунин гуфт: Гурӯҳаки террористии Ҷайшулзулм барои бузургнамоӣ ҳар ҳодисаеро, ки тавассути ашрор ва халадоркунандагони назму амният рух медиҳад ба номи худаш сабт мекунад.

 Гурӯҳаки террористии Ҷайшулзулм, ки худро "Ҷайшуладл" меномад, то кунун масъулияти чанд қатл, террор ва ҳамлаи террористӣ ва буздилона дар устони Систон ва Балучистонро бар уҳда гирифтааст.