Апрел 14, 2024 09:57 Asia/Dushanbe
  • Ҳамла бесобиқаи Эрон ба Исроил ба шиллеки даҳҳо мушак ва паҳпод
    Ҳамла бесобиқаи Эрон ба Исроил ба шиллеки даҳҳо мушак ва паҳпод

Сипоҳи посдорони инқилоби исломи бомдоди якшанбе бо судури иттилоъияи аз шиллики даҳҳо фарванди паҳподу мушак ба самти сарзаминҳои ишғолӣ ва мавозиъи режими саҳюнистӣ хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар иттилоъияи сипоҳ омадааст: Дар посух ба ҷиноятҳои мутаъаддиди режими саҳюнистӣ аз ҷумлаи ҳамла ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ ва шаҳодати ҷамъӣ аз фармондиҳон ва мусташорони низомии Эрон дар Сурия , неруии ҳавофазои сипоҳ, аҳдофи муайяни дар дохили сарзаминҳои ишғолиро бо шиллеки даҳҳо фарванди мушак ва паҳпод мавриди исобат қарор дод .

Намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милал низ эълом кард: иқдоми низомии Эрон бар асоси банди 51 маншури Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси дифои машруъ дар посух ба таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба амокини диплумотики Эрон дар Димишқ буд .

Барчасп