Апрел 14, 2024 15:05 Asia/Dushanbe
  • Генерал Боқирӣ: амалиёти хотима ёфт/ посухи Эрон ба ҳар иқдоми бисёр бузургтар хоҳад буд
    Генерал Боқирӣ: амалиёти хотима ёфт/ посухи Эрон ба ҳар иқдоми бисёр бузургтар хоҳад буд

Раиси ситоди кули неруҳои мусаллаҳи Эрон бо баёни ин ки қасде бар идомаи амалиёт алайҳи Исроил надорем ва амалиёт аз назари мо хотима ёфтааст, гуфт: Амалиёт дар ҳадди танбеҳ буд, аммо посухи Эрон ба ҳар иқдоме бисёр бузургтар хоҳад буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, генерал Муҳаммади Боқирӣ раиси ситоди кули неруҳои мусаллаҳи Эрон гуфт: далели ин амалиёти убури режими саҳюнистӣ аз хати қирмизҳое буд ки барои мо ба ҳеҷ ваҷҳи қобил таҳаммул нест .

Вай идома дод: ин ки режими саҳюнистии бахши консулии сафорати моро мавриди ҳадаф қарор диҳад ва мусташорони қонунии моро ки ба даъвати давлати Сурия дар он кишвар ҳузур дорандро ба шаҳодат бирасонад убур аз хутути қирмизи буд ки ҳамаи кишварҳо ба ҷуз ду се ҳомии режими саҳюнистии онро маҳкум карданд .

Раиси ситоди кули неруҳои мусаллаҳ таъкид кард: ин иқдоми кори буд ки бояд мавриди посух қарор мегирифт ва мақоми муаззами раҳбарӣ ҳам фармуданд ки ин танбеҳ бояд сурат бигирад ва биҳамдолла ба ҳиммати Сипоҳи посдорон ва кумаки дигар неруҳои мусаллаҳ ин амалиёт анҷом шуд .

Раиси ситоди кули неруҳои мусаллаҳ бо баёни ин ки қасди бар идомаи амалиёт алайҳ Исроил надорем, амалиёт аз назари мо хотима ёфта аст изҳор дошт: гунбади оҳнин натавонист муқобилаи қобили таваҷҷуҳи бо амалиёт мо дошта бошад. Мо ин амалиётро мунтаҷ ба натиҷа комил медонем ва ин амалиёт аз назари мо хотима ёфта аст .

Раиси ситоди кули неруҳои мусаллаҳ изофа кард: чунончии режими саҳюнистӣ амалиёти даигареро анҷом диҳад, посухи мо густардатар хоҳад буд. Талош кардем амалиёт дар ҳади танбеҳ бошад , марокизи ҷамъияти маврид ҳадаф набуд ва мо қатъан омодагии инро дорем ки аз хокмон дифо кунем .

Генерал Боқирӣ таъкид кард: неруҳои мусаллаҳи мо дар омодагии комил ба сар мебаранд ва умедворем ин амалиёти талиъаи бар пирузии миллати мазлуми Фаластин бошад .

Раиси ситоди кули неруҳои мусаллаҳ тасреҳ кард: амалиёт ба наҳвии тарҳ рези шуд ки ҳам маркази иттилоотии бузурге ки иттилооти лозимро барои саҳюнистҳо тамин мекард мавриди ҳадаф қарор гирифт ва ҳам пойгоҳи ҳавои нуотим ки ҳавопаймои эф-35 барои мавриди ҳадафи қарор додани консулгарии мо дар димишқ аз онҷои бархеста буд , мавриди ҳадаф қарор гирифт .

Генерал Боқирӣ таъкид кард: ҳар дуӣ ин марокиз дар ҳади қобили таваҷҷуҳи мавриди инҳидом қарор гирифтанд ва аз кори афтоданд . Дар ин амалиёти теъдоди қобили таваҷҷӯҳии паҳпод, мушаки куруз ва мушаки болистики мавриди истифода қарор гирифт ва тактикҳои андешидашуда бакор гирифта шуд ки нагунбади оҳанин ва на сипари дифои режими саҳюнистии ҳеҷ кадом натавонист муқобилаи қобили таваҷҷуҳи бо ин имконот ва амалиёт дошта бошад ва амалиёт ба аҳдофи худ ноил шуд.

Вай хотирнишон кард: тавонмандии мо бар ин мабно буд ки даҳҳо баробар бузургтар аз ин амалиёти мушаки ва паҳподии алайҳи ин режим дошта бошем вале талош кардем дар ҳади танбеҳ ин амалиёт анҷом шавад ва марокизи ҷамъиятӣ ва иқтисодии мавриди ҳадаф қарор нагирифт то артиши мутаҷовизи саҳюнистҳо бидонад ки иқдоми ҷинояткоронаи онҳо бидуни посух нахоҳад монад ва омодаги дорем ки аз хоку манофеи худ ба наҳви аҳсан дифо кунем.

Барчасп