Апрел 15, 2024 10:58 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Эрон дар Созмони Милал : Посухи Эрон ба Исроил лозиму мутаносиб буд
    Намояндаи Эрон дар Созмони Милал : Посухи Эрон ба Исроил лозиму мутаносиб буд

Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт , посухи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба режими саҳюнистӣ лозим ва мутаносиб буд ва ба сӯрати дақиқ ва фақат аҳдофи низомиро мавриди исобат қарор дод то эҳтимоли ташдиди таниш ба ҳаддиақал бирасад ва аз осеби ғайринизомиён ҷилавгирӣ шавад .

« Амирсаид Ирвонӣ » сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал дар нишасти Шӯрои амният дар бораи вазъият дар минтақаи ғарби Осиё , аз он даста аз аъзои Шӯрои амният ки ҳамалоти низомии режими Исроил ба амокини дипломотики Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Сурияро маҳкӯм карда ва ҳақи зотии Эрон барои посӯх ба чунин ҳамалоти ваҳшатнокиро ба расмият шинохтанд , қадрдонӣ кард .

Ирвонӣ бо баёни инки нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мӯшак ва паҳпод ба аҳдофи низомии Исроил ҳамла карданд , ин иқдомро дар посух ба таҷовузоти низомии мукаррари режими саҳюнистӣ ба вижа ҳамалоти низомии ин режим дар 1 апрели 2024 зидди амокини дипломотики Ҷумҳурии Исломии Эрон , ки ба рхилофи банди 4 модаи 2 маншури Созмони Милали Муттаҳид буд , сӯрати пазируфт .

Дипломати аршади Эрон тасреҳ кард , амалиёти Ҷумҳурии Исломии Эронро комилан дар ростои аъмоли ҳақи зотӣ барои дифоъ аз худ ки зайли модаи 51 маншури Созмони Милали Муттаҳид зикр шуда ва  тавассути ҳуқуқи байналмилал ба расмият шинохта шудааст , иҷро шуд .

Ирвонӣ гуфт , муттаассифона бархе аз аъзои Шӯрои амният , аз ҷумла Амрико , Британиа ва Фаронса , як бори дигар тасмим гирифтанд ки чашми худро бар рӯй воқеият бибанданд ва аз илали решае ки мунтаҳӣ ба вазъияти феъли шуда , чашм пуши кунанд

Барчасп