Апрел 18, 2024 10:48 Asia/Dushanbe
  • 
Истиқбол аз ҳузури ширкатҳои донишибунёнҳои эронӣ дар намоишгоҳи пизишкӣ ва доруии ҷанубу шарқи Осиё
    Истиқбол аз ҳузури ширкатҳои донишибунёнҳои эронӣ дар намоишгоҳи пизишкӣ ва доруии ҷанубу шарқи Осиё

Ғурфаи ширкатҳои донишбунёни эронӣ дар рӯйдоди намойишгоҳоҳи ҳавзаи саломати ҷануби шарқи Осиё дар Малайзия бо истиқболи хуби боздидкунандагони ҳамроҳ шуд .

Бисту чаҳорумин намоишгоҳи пизишкӣ ва доруии ҷанубу шарқи Осиё ки муҳимтарин рӯйдоди намойишгоҳии ҳавзаи саломат дар ин минтақа ва кишварҳои “ АСЕАН “ ( Малайзия , Сингапур , Индонезия , Тойланд , Филиппин ва Бруней ) аст 17 то 19 апрели 2024 дар маркази намоишгоҳҳо ва конфронсҳои байналмилалии Кувалалампур , Малайзия дар ҳол баргузорӣ аст .Ба гузориши Ирно , « Сайид Муҷтабои Қадамгоҳӣ » мудири кули дафтари тавсеаи касбу кори Созмони тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ ва фановаронаи байналмилалии Эрон , ҳимоят аз ҳузури ширкатҳои донишбунён дар намоишгоҳҳои муътабари байналмилалиро аз барномаҳои ин Созмон дар ростои кумак ба тавсеаи бозори содиротии ширкатҳои донишбунёни эронӣ баршумурд. Мудирикули дафтари тавсеаи касбу кори Созмони тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ ва фановаронаи байналмилалии Эрон афзӯд , ҳузур дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ фурсати муносиб барои тавлидкунандагону содиркунандагон бо кайфияти эронӣ дар заминаи таҷҳизоту малзумоти пизишкӣ ва маҳсӯлот ва фаровардаҳои доруӣ аст то дар бозорҳои бузург ҳузур ёфта ва аз мазоёии тиҷории он баҳраманд шаванд .

Барчасп