Апрел 29, 2024 18:31 Asia/Dushanbe
  • Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар рузҳои гардишгарии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ
    Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар рузҳои гардишгарии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ

Ҳайати Тоҷикистон дар рузҳои гардишгарии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ширкат кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар ба муносибати эъломи шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Узбекистон ба унвони пойтахти гардишгарии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд дар соли 2024 бо ҳузури Хусрав Нозирӣ, дабирикули Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ барномаи бошукуҳи рузҳои гардишгарии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат кард .

Дар ҳошияи рузҳои гардишгарӣ дар шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Узбекистон ҷашнвораи миллии ғизо баргузор шуд ки дар он суфраи миллии Тоҷикистон бо ғизоҳои миллӣ монанди оши палав, қурутоб ва оши туппа тавассути сарошпзони моҳири кишварамон рунамои шуд. Ширкаткунандагон ба суфра ва ғизоҳои миллии Тоҷикистони тавваҷуҳ зиёди доштанд ва аз таъми ғизоҳои миллии Тоҷикистон бисёр истиқбол карданд .

Ҳамзамон дар чаҳорчуби рузҳои ҷаҳонгардӣ, намоиши либоси миллии тавассути ҳайати Тоҷикистон барои ироаи ҳунар фарҳанг ва либосҳои миллӣ баргузор шуд.

Барчасп