Май 01, 2024 11:12 Asia/Dushanbe
  • Панҷакенти қадим ҳудуди 2500 сол пеш сохта шудааст
    Панҷакенти қадим ҳудуди 2500 сол пеш сохта шудааст

Торнамои Сафорати Амрико дар шаҳри Душанбе аз кумаки 186 ҳазордолларӣ барои сохти ҳисору мараммати чаҳор бинои бостонии шаҳри Панҷакент дар вилояти Суғди Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши Ирна, ба нақл аз торнамои Сафорати Амрико,  Мануэл Микаллер, сафири ин кишвар дар Тоҷикистон дар ҷараёни боздид аз Панҷакент эълом кард, ки кишвараш 186 ҳазору 766 доллар барои ҳифзу эҳёи саҳни ин бинои таърихӣ ихтисос дод.

Ин манбаъ мегӯяд, ки ин маблағ дар чорчӯби барномаи Сандуқи сафирони Иёлоти Муттаҳида барои ҳифозат аз мероси фарҳангӣ (AFCP), баҳри сохти ҳисор бо ҳадафи ҳифозату мараммати чаҳор бинои аслии Панҷакенти бостонӣ ихтисос ёфтааст.

Бар асоси ин гузориш, қарор аст Маъбади Зартуштиён (қарни панҷум то ҳаштум), деворҳои дифоӣ (қарни панҷум), толори пазироӣ ба номи Рустамнома (қарни ҳафтум то ҳаштум), бурҷи гӯшаи девории дифоӣ (қарни панҷум то ҳаштум) мараммат шавад.

Сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфт, барои Сафорати Иёлоти Муттаҳида ҳимоят аз эҳёи ин шаҳри бостонии Роҳи Абрешим - яке аз маънодортарин роҳҳо барои нишон додани эҳтиром ба таъриху фарҳанги ғании Тоҷикистон аст.

Мануэл Микаллер дар сафари худ ба Панҷакент бо Абдохолиқ Холиқзода, шаҳрдори Панҷакент дидор ва дар мавриди ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард.

Аз соли 2001 мелодӣ то кунун Сандуқи суфарои Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон 17 пружаро таъмини молӣ кардаву тақрибан 800 ҳазор доллар барои ҳифзи мероси фарҳангии ин кишвар ихтисос додааст.

Панҷакент яке аз маконҳои муҳим барои бостоншиносҳо дар ғарби Тоҷикистон, дар 56 километрии шарқи Самарқанд воқеъ шудааст.

Ин шаҳри бостонӣ, ки ҳудуди 2500 сол пеш сохта шудааст, акнун аз марокизи бисёр муҳими мутолеоти бостоншиносӣ ва ҳунарии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва дар замони Сосониён нақши муҳиме дар тиҷорати сарзамини Суғди бостон ва Роҳи Абрешим ифо мекард.

 

Барчасп