Апрел 19, 2024 20:36 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Эрон барои кумак ба мардуми Иморот
    Омодагии Эрон барои кумак ба мардуми Иморот

Вазирони хориҷаи Эрону Иморот дар гуфтугӯи телефонӣ дар бораи охирин таҳаввулоти минтақа гуфтугӯ ва ройзанӣ карданд.

Абдуллоҳ бин Зойд оли Наҳён, вазири умури хориҷаи Иморот панҷшанбешаб дар тамоси телефонӣ бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар хусуси охирин таҳаввулоти Ғазза ва идомаи ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Фаластин ва зарурати таваққуфи ҳар чӣ сареътари ин ҷиноёт ва тасреъ дар ирсоли кумакҳои инсондӯстона ва низ дар хусуси бархе дигар аз таҳаввулоти минтақаӣ ройзанӣ ва табодули назар карданд.

Ҳамчунин тарафайн бар тавсеаи равобити дуҷонибаву баргузории муназзами кумитаҳои муштараки иқтисодиву консулӣ таъкид карданд.

Шайх Абдуллоҳ бин Зойд, вазири хориҷаи Иморот дар ин тамоси телефонӣ бар иродаи Абӯзабӣ барои тавсеаи равобити дуҷониба бо Теҳрон дар ҳамаи заминаҳо таъкид кард.

Амирабдуллоҳиён дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо ибрози таъассуф аз вуқуи сели сангин дар Иморот, омодагии Эрон барои кумак ба мардум дар маърази селро эълом кард.

Борандагии шадид ва ҷорӣ шудани сели бепешина ин ҳафта дар Имороту Уммон боиси обгирифтагии бузургроҳҳову сохтмонҳо, ихтилоли кори фурудгоҳ ва маҳбус шудани мардум дар хонаҳояшон шуду зиёнҳои ҷониву молӣ ба ҳамроҳ дошт.

 

Барчасп