Апрел 19, 2024 20:40 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистону Эрон
    Ҳамкории Тоҷикистону Эрон

Устондори устони Бушеҳр, дар ҷануби Эрон аз роҳандозии намоишгоҳи маҳсулоти муштараки устони Бушеҳр ва Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Аҳмади Муҳаммадизода рӯзи панҷшанбе дар нишасти масъулони устони Бушеҳр бо сафири Тоҷикистон, бо ишора ба зарфиятҳои муҳими устони Бушеҳр изҳор дошт: Ин устон тӯлонитарин марзи дарёӣ ва соҳил бо халиҷи Форс дорад ва бо 5 кишвари ҳошияи халиҷи Форс ҳамсоя аст.

Вай тавлиди 74 дарсади гази масрафии кишвар, фаъолияти 23 муҷтамаи петрошимӣ ва тавлиди 50 дарсади маҳсулоти саноеи петрошимиро аз дигар вижагиҳои устони Бушеҳр баршумурду баён кард: 93 дарсади нафти хоми кишвар аз устони Бушеҳр содир мешавад ва дар канори саноеи нафт, газу петрошимӣ, зарфиятҳои муҳиме дар арсаи тавлидоти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумлаи хурмо, мейгу (рак) вуҷуд дорад.

Устондори Бушеҳр вуҷуди 6 миллион бех нахл ва 50 дарсад маҳсули мегуи парвариширо аз дигар тавонмандиҳои устон баршумурду баён кард: Устони Бушеҳр дорои 16 бандар дар бахшҳои мухталиф аст, ки зарфияти қобили таваҷҷуҳе барои эҷоди анбори лаҷистикии Тоҷикистон барои муодилоти тиҷорӣ бо кишварҳои ҷанубии халиҷ Форс дорад.

Муҳаммадизода бандари Дерро яке аз қутбҳои тиҷорати дарёӣ бо кишвари Қатар ном бурду афзуд: Устони Бушеҳр бо ин зарфиятҳо омодагии тавсеаи равобит бо Тоҷикистонро дорад.

Вай хостори баррасии таъйини хоҳархондагии яке аз шаҳрҳои устони Бушеҳр бо яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон шуду гуфт: Тоҷикистон метавонад дар амри содироти маҳсулоти мухталиф аз устони Бушеҳр иқдом кунад.

Устондори Бушеҳр ҳамчунин хостори роҳандозии намоишгоҳи муштараки маҳсулоти устони Бушеҳр бо Тоҷикистон ва эъзоми ҳайатҳои тиҷории ду кишвар барои ошноӣ бо маҳсулот дар амри тавсеаи мубодилоти иқтисодӣ ва тиҷорӣ шуд.

Муҳаммадизода пешниҳод кард, бо таваҷҷуҳ ба инки Тоҷикистон марзи дарёӣ надорад, аз зарфияти банодири устони Бушеҳр дар сохти анбори пуштибонӣ барои содирот ба кишварҳои ҷанубии ҳошияи халиҷи Форс истифода шавад.