Таъкиди Эрон ва Туркия бар зарурати оташбаси фаврӣ дар борикаи Ғазза
(last modified Sat, 20 Apr 2024 05:23:25 GMT )
Апрел 20, 2024 10:23 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон ва Туркия бар зарурати оташбаси фаврӣ дар борикаи Ғазза

Вазирони хориҷаи Эрон ва Туркия бар зарурати оташбаси фаврӣ дар борикаи Ғазза таъкид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА,Ҳусайни Амирабдуллоҳиён ва Ҳокон Фидон-вазирони хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркия дар гуфтугӯи телефонӣ дар бора охирин таҳаввулоти минтақа ва ҷанги Ғазза табодули назар карданд.

 Вазирони хориҷаи Эрон ва Туркия дар ин гуфтугӯи телефонӣ ҳамчунин бар зарурати оташбаси фаврӣ дар борикаи Ғазза таъкид карданд.

 Вазири хориҷаи Туркия бо ишора ба изҳороти таҳриккунандаи мақомоти режими Исроил дар минтақа, бар аҳамияти талоши ҷамъӣ барои поён додан ба ҷанг дар Ғазза ва буҳрон дар минтақа таъкид кард.

Бино бар эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин, шумори шаҳидони ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза аз ҳафтуми октябри 2023 то кунун ба 34 ҳазор нафар расидааст.