Апрел 20, 2024 13:15 Asia/Dushanbe

Вазири умури хориҷаи Эрон зимни ҳушдор ба ҳар гуна моҷароҷӯии режими саҳюнистӣ, таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон бо шиддати бештаре ба ҳар гуна хатои муҳосиботии режими саҳюнистӣ посух хоҳад дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар идомаи ройзаниҳои дипломатии худ дар Нию-Йорк, бо Маоро Виера-вазири умури хориҷаи ҷумҳурии федеративи Бразилия дидор ва дар хусуси охирин таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ ва равобити дуҷониба байни ду кишвар гуфтугӯ ва табодул назар кард.

Амирабдуллоҳиён дар ин дидор бо ташреҳи посухи муқтадиронаи ахири неруҳои мусаллаҳи Эрон алайҳи режими саҳюнистӣ изҳор дошт: Иқдоми низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар посух ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар чаҳорчуби дифоъи машрӯъ ва тибқи ҳуқуқи байналмилал сурат гирифт.

 Вазири умури хориҷаи Эрон тадовуми ҳимояти Амрико аз режими саҳюнистӣ ва набуди иродаи ин кишвар барои поёни ҷанг дар канори ҷангталабии Натанёҳуро далели аслии идомаи наслкушӣ алайҳи фаластиниён донист ва бар лузуми тадовуми талоши ҷомеаи ҷаҳонӣ бавежа кишварҳои исломӣ барои поёни наслкушӣ таъкид намуд.

Маоро Виера-вазири умури хориҷаи ҷумҳурии федеративи Бразилия, дар ин ин дидор зимни таъкид бар хатарҳои вобаста ба густариши доманаи танишҳо дар минтақа, изҳор дошт: Бразилия хостори танишзудоӣ дар минтақа аст ва тамоми талоши худро барои кумак ба барқарории сулҳ ва амният дар минтақа ба кор мегирад.

 Вай дар идома бар аҳамияти густариши равобити кишвараш бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тамоми сатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъкид дошт.

 

Барчасп