Ройгон шудани дармони саратон дар Эрон
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ройгон шудани дармони саратон дар Эрон хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Баҳроми Айнуллоҳӣ дирӯз ҷумъа дар ҳошияи ифтитоҳи маркази ҷомеъи ташхис ва дармони саратони бемористони Кавсар дар устони Симнони Эрон гуфт: Ба зудӣ бо иҷрои пӯиши миллии ғирболгарии беморони саратонӣ, ашхоси гирифтор ба ин беморӣ, ройгон таҳти дармон қарор мегиранд.
Лозим ба зикр аст аз обонмоҳ(ноябр)и соли гузашта Сандуқи бемориҳои хосс ва душвортабобат ҷиҳати ҳимоят аз ин беморон дар Созмони бимаи саломати Эрон фаъол шудааст.
Аз ҳудуди як соли гузашта то кунун 107 гурӯҳ аз беморон имкони истифода аз ин сандуқ барояшон фароҳам шудааст.
Вазифаи ин сандуқ пардохти хароҷот илова бар тааҳҳудоти бимаҳои поя ва такмили бимашудаҳост.