Таъкид бар густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрон ва Покистон
(last modified Sat, 20 Apr 2024 14:10:48 GMT )
Апрел 20, 2024 19:10 Asia/Dushanbe

Сафири Эрон дар Исломобод ва вазири кишвари Покистон бар густариши ҳамкориҳои ду ҷониба таъкид карданд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Ризо Амиримуқаддам сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Исломобод дар дидори Сайидмуҳсини Ризоинақавӣ вазири кишвар Покистон гуфт: Эрон хоҳони густариши ҳамаиҷонибаи ҳамкориҳо бо тарафи покистонӣ дар тамомии ҳавзаҳои полиси шомили мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ҷилавгири аз тараддуди шаҳрвандони ғайримуҷоз, муқобила бо ҷароим созмонёфта ва таъомулот иттилоотӣ аст .

Сафири Эрон дар Покистон ҳамчунин ҳали фаврии бархе масоил дар ҳавзаи консулии миёни ду кишвар аз ҷумлаи тасриъи фароянди қазои муртабит бо зиндониёни Эрониро хостор шуд .

Вазири кишвари Покатон ҳам сафари оянда Сайид Иброҳими Раисӣ,  раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Исломободро нуқтаи атфи дар равобити Эрон ва Покистон донист.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрони 22 апрели соли 2024 ба Покистон сафар хоҳад кард.