Амирабдуллоҳиён: Кохи Сафед бояд ҳимоят аз ҷиноёти ҷангии Исроилро фавран мутаваққиф кунад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i113846-Амирабдуллоҳиён_Кохи_Сафед_бояд_ҳимоят_аз_ҷиноёти_ҷангии_Исроилро_фавран_мутаваққиф_кунад
Вазири умури хориҷаи Эрон бо интиқод аз саркӯб ва бархурди хашини неруҳои амниятии Амрико бо устодон ва донишҷуёни мӯътариз ба ҷиноёти ҷангии режими Исроил, гуфт: Кохи Сафед бояд ҳимоят аз ҷиноёти ҷангии режими Исроилро фавран мутаваққиф кунад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 25, 2024 18:17 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Кохи Сафед бояд ҳимоят аз ҷиноёти ҷангии Исроилро фавран мутаваққиф кунад

Вазири умури хориҷаи Эрон бо интиқод аз саркӯб ва бархурди хашини неруҳои амниятии Амрико бо устодон ва донишҷуёни мӯътариз ба ҷиноёти ҷангии режими Исроил, гуфт: Кохи Сафед бояд ҳимоят аз ҷиноёти ҷангии режими Исроилро фавран мутаваққиф кунад.

 Ба гузориши ИРНА, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён рӯзи панҷшанбе дар вокуниш ба саркӯби донишҷуёни Амерко тавассути полиси ин кишвар ба далели ҳимоят аз Фаластин дар шабакаи иҷтимоии "Х" навишт: Саркуб ва бархурди хашини полис ва неруҳои амниятии Амрико бо устодон ва донишҷуёни мӯътариз ба наслкушӣ ва ҷиноёти ҷангии режими Исроил дар донишгоҳҳои мухталифи ин кишвар, амиқан мавриди нигаронӣ ва инзиҷори афкори умумии ҷаҳон аст.