Раисиҷумҳурии Эрон: Хуни шуҳадои ҳамлаи террористии Димишқ муҷиби зиллати режими саҳюнистӣ шуд
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, хуни мутаҳҳари шуҳадои ҳамлаи террористии режими саҳюнистӣ ба бахши консулии Сафорати Эрон дар Димишқ, муҷиби иззату сарбаландии ҷабҳаи муқовимату зиллату забунии режими наслкуши Исроил дар минтақа шуд.
Ба гузориши Ирна, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи панҷшанбе бо ҳузур дар манзили шаҳид Алӣ Оқобобоӣ, аз шуҳадои ҳамлаи террористии режими саҳюнистӣ ба бахши консулии Сафорати Эрон дар Димишқ афзуд: Ин шаҳидон дар ҳоли анҷоми маъмурияти бузург барои ҳифзи амнияти кишвар ва минтақа тавассути шақитарин афрод ба шаҳодат расидаанд.
Раисӣ бо ишора ба посухи муқтадиронаи неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ба ҷинояти режими саҳюнистӣ тасреҳ кард: Ба таври қатъӣ осору баракоти хуни шаҳидон дар ниҳоят мунҷар ба нобудии комили режими хабису ҷинояткори Исроил хоҳад шуд.
Режими саҳюнистӣ рӯзи душанбе аввали апрели 2024 дар иқдоме террористӣ ба бахши консулии Сафорати Эрон дар Димишқ ҳамла кард, ки мунҷар ба шаҳодати ҳафт нафар аз мусташорони аршади низомии Эрон шуд.