Амирабдуллоҳиён: Режими саҳюнистӣ омили решаии тамоми танишҳо дар минтақа аст
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бар зарурати поёни ҷанг ва наслкушии режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза таъкид кард ва гуфт: Исроил омил решаии тамоми танишҳо ва вахомати авзоъ дар минтақа аст.
Ба гузориши радио тоҷики Садои Хуросон , Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Паоло Рангл-вазири умури хориҷаи Португалия дар хусуси муносиботи дуҷониба ва авзоъи минтақа ба хусус таҳаввулоти Фаластин табодули назар карданд.
Амирабдуллоҳиён дар ин гуфтгӯйи телефонӣ бо табрики ташкили давлати нави Португалия ва интисоби Паоло Рангл, ба унвони вазири хориҷаи ин кишвар ба собиқаи равобити хуб ва деринаи Эрон ва Португалия ишора кард ва бори дигар бар зарурати поёни ҷанг ва наслкушии режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва эҳтиром ба ҳуқуқи мардуми мазлуми Фаластин таъкид кард.
Вазири умури хориҷаи Португалия низ дар ин гуфтугӯйи телефонӣ бар зарурати барқарории оташбаси фаврӣ дар Ғазза таъкид кард ва гуфт: Давлати Португалия аз ташкили давлати мустақили Фаластин ҳимоят мекунад ва хостори талоши тамоми кишварҳои минтақа барои коҳиши танишҳо дар ғарби Осиё аст.
Тарафҳо ҳамчунин дар бораи киштии тавқифшудаи Исроил ҳомили парчами Португалия низ табодули назар карданд.
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин иртибот гуфт: Мавзӯъи инсонии раҳоии хадамаи киштӣ, мавриди таваҷҷуҳи ҷиддии Эрон аст ва ба сафиронашон дар Теҳрон дастрасии консулӣ, озодӣ ва супурданашонро эълом кардаем.