Истиқболи Эрон аз тадовум гуфтугӯ бо Иттиҳодияи Аврупо
Вазири умӯри хориҷаи Эрон бо истиқбол аз тадовум гуфтугӯи байни Иттиҳодияи Аврупо ва Эрон дар ростои пешбурди ҳамкориҳои муштарак гуфт , ҳамкории Ожонс ва Эрон дар масири хубӣ қарор дорад.
Ба гузориши Ирно , « Ҳусайни Амирабдуллоҳиён » вазири умурхориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо « Ҷозеф Боррелл » масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз тадовум гуфтугӯи миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Эрон дар ростои пешбурди ҳамкориҳои фимобайн истиқбол кард .
Амирабдуллоҳиён дар посух ба Боррелл бо ёдоварии талошҳои сурат гирифта ва гомҳои мусбати Эрон дар дипломасии лағви таҳримҳо , ба зиёдахоҳии бархе тарафҳои муқобил дар музокирот ишора карду афзӯд , ҳамкории ожонси байналмилалии энержии атомӣ ва Эрон дар масири хуб қарор дорад .
Масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо низ бо таъкид бар ин ки Иттиҳодияи Аврупои хоҳони таниш бо Ҷумҳурии Исломии Эрон нест , аз иқдомоти созанда ва гомҳои мусбат , ҳамзамон бо тадовуми ройзаниҳои дипломотики миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иттиҳодияи Аврупо истиқбол кард .
Боррелл бо ишора ба мутолиботи густардаи байналмилалӣ барои дастёбии ҳарчӣ сариътар ба оташбас дар ҷанги Ғазза ва табодули асирон , хостори тамаркузи ҳамаи тарафҳо барои дастёбӣ ба сулҳу саботи пойдор аз тариқи ташкили кишвари мустақили фаластинӣ шуд .