Май 02, 2024 11:47 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши варзишкорони эронӣ дар мусобиқоти ҷаҳонии размии Кемпо
    Дурахшиши варзишкорони эронӣ дар мусобиқоти ҷаҳонии размии Кемпо

Тими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бистумини давраи мусобиқоти ҷаҳонии размӣ « Кемпо » мақоми нойибқаҳрамониро касб кард .

Ба гузориши Ирно , ин мусобиқот бо ҳузури намояндагони 45 кишвар дар 2 бахши бонувон ва оқоён дар радаҳои синнии навҷавонон , ҷавонон , бузургсолон ва пешкисватон дар бахшҳои мусобиқоти фурму дифои шахси ва ҳамчунин дар 4 модаи муборзотӣ аз ҷумла самми Кемпо , Субмишион , Нокдовн ва  Фул Кемпо дар Туркия баргузор шуд .

Варзишкорони ҳозир дар ин мусобиқот ҳамчунин дар бахши Кемпо MMA мунтахаби қаҳрамонони ҷаҳон дар давраҳои қабл ва дорои ранкинги боло барои дарёфт камарбанди қаҳрамонии ҷаҳон рақобат карданд .

Тими 12 нафараи эъзомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ки таҳти номи Аждаҳои сурх дар ин рӯйдод ширкат карда буд , тавонист бо касби 18 медали талло , 11 нуқра ва 6 бринҷи , 6 камарбанди таллоӣ дар Кемпо ва 3 камарбанди таллоӣ дар Кемпо MMA , ба нойибқаҳрамонии ҷаҳон дар радаи бузургсолон даст ёбад .

Румения дар ҷойгоҳи аввал ва Тунис дар радаи сеюми ин бахш қарор гирифтанд .

Барчасп