Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд :
Ҳаҷи имсоли Ҳаҷи бароъат аз душмани ҷинояткори саҳюнистӣ ва ҳомиёнаш аст
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба ҳодисаи азими Ғазза ва ҷиноёти режими хуношоми саҳюнистӣ гуфтанд : Ғаҷи имсол дар партави оёти қуръони Карим ва ёду номи мубораки ҳазрати Иброҳим ( а ) , бояд фаротар аз ҳар сол , Ҳаҷи бароъат аз ин душмани ҷинояткори мусулмонон ва ҳомиёни он бошад .
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ , ҳазрати Оятулоҳи Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломии рӯзи душанбе дар дидори масъӯлон ва коргузорони Ҳаҷ ва ҷамъӣ аз зоирони байтулҳаром , ҳаводиси кунунии Ғаззаро шохиси мондагор барои таърих донистанд ва афзӯданд : Ҳамалоти ваҳшиёнаи саги ҳори саҳюнистӣ аз як тарафу муқовимат ва мазлӯмияти мардуми Ғазза аз тарафи дигар дар таърих мемонад ва роҳро ба башарият нишон медиҳад ки бозтоби шигифтангез ва бе собиқаи он дар ҷавомеъи ғайримусулмон ва донишгоҳҳои Амрико ва баъзе кишварҳои дигар , аз нишонаҳои ин таърихсозӣ ва шохиссозӣ аст.
Ишон дар табйини вазифаи уммати исломӣ дар қиболи фаҷоиъи Ғазза дар фурсати Ҳаҷи Иброҳм , ба намӯнаҳои мутаъаддиди қуръонӣ аз сираи ҳазрати Иброҳим ( а ) ишора карданд ва гуфтанд : Иброҳим ( а ) ҷузъи паёмбароне аст ки дили рауф ва бисёр меҳрбонӣ дорад аммо ҳамин паёмбари Иллоҳӣ дар муқобили душманони золиму ситезагар ба шиддати изҳори бароъат ва ба сароҳати эълом душмани мекунад .Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба оёти қуръонӣ ки дӯстӣ бо душманони ситамгарро ҳам комилан наҳй мекунад , режими саҳюнистиро мисдоқи комили душмани бо мусулмонон ва Амрикоро ҳамдасти ин режими хонданд ва афзӯданд : Агар кумаки Амрико набуд оё режими саҳюнистии қудрат ва ҷуръати ин рафтори ваҳшиёна бо мардуми мусулмон ва занону кӯдаконро дошт ?
Ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ фармуданд : Омили қатли мусулмонон ва овора кардани онҳо ва пуштибонии он , ҳар ду золим ҳастанд ва тибқи сураи Қуръон агар касе бо онҳо дасти дӯстӣ бидиҳад ӯ низ золиму ситамгару машмӯли лаънати худованд аст .
Ишон бо тавваҷуҳ ба шароити кунунии ҷаҳони ислом , рӯйкарди иброҳмӣ ба Ҳаҷ яъне бароъати ошкор дар муқобили душманонро заруритар аз ҳамеша хонданд ва гуфтанд : Бар ин асоси ҳуҷҷоҷи эронӣ ва ғайри эронӣ бояд битавонанд мантиқи қуръонӣ дар пуштибонӣ аз миллати Фаластинро ба ҳамаи дунёии Ислом мунтақил кунанд .
Ҳазрати Оятуллоҳи Хоминаӣ афзӯданд : Албатта Ҷумҳурии исломӣ мунтазири дигарон намонда ва намемонад аммо агар дастҳои қавии миллатҳо ва давлатҳои исломӣ ба кумак ва ҳамроҳӣ биёянд , ҳолати риққатбори миллати Фаластин идома пайдо нахоҳад кард .