Май 07, 2024 10:20 Asia/Dushanbe
  • Эрон рутбаи чаҳоруми тавлиди илми дунё дар ҳавзаи гиёҳони доруӣ/ Беҳбуди саломатӣ бо тиббӣ суннатӣи эронӣ

Дабири Ситоди тавсеаи улум ва фановарии гиёҳони доруӣ ва тибби суннатии муовинати илмии раёсати ҷумҳурии Эрон аз касби рутбаи чаҳоруми тавлиди илм дар ҳавзаи тавлиди гиёҳони доруӣ ва тибби суннатӣ дар ҷаҳон тавассути муҳаққиқони эронӣ хабар дод.

Муҳаммадризо Шамс  Ардаконӣ бо ишора ба собиқаи чандҳазорсолаи истифода аз гиёҳони доруӣ ва тибби суннатӣ гуфт: Пас аз ташкили донишкадаҳои тибби суннатӣ дар сол 1386 бо тавфиқи бисёр хуб ва шитоби муносибе дар ҳавзаи тавлиди илм дар дунё худмонро нишон додем ва аз ду сол пеш (2022) то кунун тавонистем рутбаи чаҳоруми дунёро касб кунем, ки ин муваффақияти бисёр вежае аст.

 Ба гуфтаи Шамс Ардаконӣ, мардуми Эрон аз назари собиқаи фарҳангӣ ва тамаддунӣ диди мусбате ба атториҳо доранд. Атториҳо ҳам тавонистаанд дар бештар маворид эътимод ва ризояти мардумро ҷалб кунанд.

Ин мақоми давлати Эрон изҳор кард: Ширкатҳои дониш‎бунёни эронӣ ба хубӣ дар ҳавзаҳои мухталиф талош кардаанд ва мо бояд дар ҳоли ҳозир бо ҳамбстагӣ, барои афзоиши зарфиятҳои мавҷуд кор кунем. Дар солҳои ахир бозгашт ба табиат дар ҳама ҳавзаҳо пурранг шудааст. Умедворем бо талоши худамон ва бакоргирии ҳама зарфиятҳо дар ин замина муваффақтар аз қабл амал кунем.

 Шамс Ардаконӣ, тибби суннатии эрониро "саломтмеҳвар" донист ва гуфт: Бисёре аз омӯзаҳои тибби суннатии Эрон устувор бар ислоҳи сабки зиндагӣ аст ва реша дар фарҳанги мардум дорад; Бинобарин дорои қобилияти пазириши хубе аст ва дастрасӣ ба хадамоти он низ барои мардум осон аст.

 Ин мақоми эронӣ баён кард: Беҳбудии саломат ва коҳиши бемориҳо ниёзманди афзоиши сатҳи саводи саломати мардум ва тағйири рафтори онҳо аст. Имрӯза ба далели тағйири сабки зиндагӣ, навъи ғизоҳо, камтаҳаррукӣ ва ғайра алорағми контроли бемориҳои вогир ва уфунӣ, бори бемориҳои ғайрвогир афзоиш ёфтааст.

 Шамс Ардаконӣ дар поён "риъоият усули тағзия бар мабнои тибби суннати"ро муҳиммтарин асле донист, ки ба ҳифзи саломатӣ кумак мекунад.

 

Барчасп