Боздиди раисони Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон аз садди “Қизқалъаси”
(last modified Sun, 19 May 2024 13:07:27 GMT )
Май 19, 2024 18:07 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон
    Ҳамкории Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон

Раисони Ҷумҳурии Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар замонивуруд ба маҳалли ифтитоҳи садди “Қизқалъаси”, ба иттифоқ бо ҳузур бар рӯи тоҷи сад, аз бахшҳои мухталифи он боздид карданд.

Ба гузориши Ирна, Сайид Иброҳими Раисӣ ва Илҳом Алиев, раисони Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон имрӯз (якшанбе) бо ҳузур дар маҳалли эҳдоси садди муштараки “Қизқалъаси” дар нуқтаи сифри марзӣ ва бар рӯи рӯдхонаи Арас, аз бахшҳои мухталифи ин сад дидан карда ва бо тавзеҳоти дастандаркорони иҷрои ин пружа, аз ҷузъиёти эҳдосу мазоёи баҳрабардорӣ аз он мутталеъ шуданд.

Раисони Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҷараёни ойини ифтитоҳи расмии тарҳи муштараки садди “Қизқалъаси” бар рӯи рӯдхонаи марзии Арас, ҳамчунин бо якдигар дидор ва дар бораи равобиту масоили дуҷонибаву минтақаӣ гуфтугӯ карданд.

Тавофуқномаи ҳамкории муштарак дар заминаи идомаи сохту баҳрабардории муштарак аз садҳову нерӯгоҳҳои “Худоофарин”-у “Қизқалъаси” ҳудуди 9 сол қабл миёни Теҳрону Бокӯ имзо шуд ва дар соли 2016 дар Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ба тасвиб расид ва имрӯз шоҳиди афзоиши захирасозии садди “Худоофарин” ва итмоми садди “Қизқалъаси” ҳастанд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин субҳи имрӯз - якшанбе дар бадви вуруд ба устони Озарбойҷони Шарқии Эрон, аз бахшҳое аз пружаи дар ҳоли иҷрои каридори транзитии ҷодаӣ ва рейлии “Арас”, аз ҷумла поёнаи Калола низ боздид кард.