Май 20, 2024 12:27 Asia/Dushanbe
  • Барои панҷумин бор , тими теквандои Эрон қаҳрамони Осиё шуд
    Барои панҷумин бор , тими теквандои Эрон қаҳрамони Осиё шуд

Тими миллии теквандои Эрон барои панҷумин бор мақоми қаҳрамонии мусобиқоти теквандои Осиёро аз они худ кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , бисту шашумин давраи мусобиқоти теквандои қаҳрамонии Осиё, ки аз 16 май бо ҳузури 244 теквандокор аз 33 кишвар ба мизбонии Ветнам дар салони Тен Севени шаҳри Да Нанг ҷараён дошт , 18 май бо қаҳрамонии тими мардони Эрон ба поён расид .

Дар поёни мусобиқоти ин давра , тими миллии теквандои мардони Эрон бо касби 3 медоли тилло ( Меҳди Ҳоҷии Мусоӣ , Муҳаммадҳусайни Яздонӣ ва Орин Салимӣ ) , як медоли нуқра ( Алӣ Хушрӯ ) ва як медоли бринҷи ( Матини Ризоӣ ) ба панҷумин унвони қаҳрамонии худ дар Осиё даст ёфт .

Кареяи Ҷанубӣ низ бо се талло , як нуқра ва як бринҷи дар ҷойгоҳи дувуми истод ,Узбекистон ва Арабистон ҳам сеюм ва чаҳорум шуданд .Тими миллии теквандои Эрон пеш аз ин дар солҳои 2008 , 2010 , 2014 ва 2016 ба мақоми қаҳрамонӣ даст ёфта буд .

Хонумҳо Мелкои Мирҳусайнӣ ва Саидаи Насирӣ аз Эрон низ дар бахши бонувони мусобиқоти теквандои Осиё , ба тартиби медолҳои нуқра ва бринҷиро аз он худ карданд .