Эъломи омодагии Русия барои тақвият ва таҳкими муносиботи дуҷониба бо Эрон
Раиси ҷумҳури Русия дар гуфтугӯи телефонӣ бо муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон, зимни таслияти дубораи шаҳодати раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳайати ҳамроҳаш дар сониҳаи суқути чарбол, омодагии Русияро барои тақвият ва таҳкими муносиботи дуҷониба бо Эрон эълом кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия зӯҳри рӯзи душанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо Муҳаммади Мухбир-муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон дубора амиқтарин таслияти худро нисори ҳазрати оятуллоҳ Алии Хоманаӣ-раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, давлат ва миллати Эрон бобати шаҳодати Сайид Иброҳим Раисӣ-раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳайати ҳамроҳаш кард.
Владимир Путин дар идома бо ишора ба инки Эрон аз ин рӯзҳои сахт низ убур хоҳад кард, бар идомаи роҳи шаҳид Сайид Иброҳим Раисӣ дар тавсеаи равобити мобайни ҳам таъкид кард.
Муҳаммади Мухбир ҳам дар ин гуфтугӯи телефонӣ зимни ташаккур аз Владимир Путин барои ибрози таслият, Русияро шарики роҳбурдии Эрон хонд ва изҳор дошт, тадбири Владимир Путин ва ҳамкори хеле хуби шаҳид Сайид Иброҳим Раисӣ-раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон тавонист бахши зиёде аз муодилоти қудратро дар дунё тағйир дода ва ба якҷонбагароӣ поён диҳад.
Муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон таъкид кард, мавзеъи Русия дар масоили байналмилалӣ ҳамеша мавриди эҳтироми Эрон буда ва иншоаллоҳ аз ин ба баъд низ бо ҳамкории ҷиддӣ ва амиқ байни ду кишвар, пешрафти рӯзафзуни Теҳрон ва Маскавро рақам хоҳем зад.
Нухбагон ва шахсиятҳои таъсиргузори Ҷамъияти толишҳои муқими Русия низ бо судури паёмҳои ҷудогона шаҳодати Сайид Иброҳим Раисӣ ва ҳайат ҳамроҳаш бар асари сониҳаи ҳавоиро ба мардум ва давлати Эрон таслият гуфтанд.