Май 26, 2024 17:44 Asia/Dushanbe
  • Тафсир: Дарки як рози Қуръонии омили муваффақияти эрониён
    Тафсир: Дарки як рози Қуръонии омили муваффақияти эрониён

Ҳузури миллионҳо эронӣ дар маросими ташиъи пайкари раисиҷумҳӯри шаҳиди Эрон дар Машҳад

Порс Тудей- Мавозинаи қудрат дар дунё , ҳамааш ба ёлу куполи зоҳирӣ ва ба чеҳра абарқудратӣ нест ; истодагии лозим аст . Маслан миллати Эрон истодагӣ кард ва пирӯз шуд - ҳам дар инқилоб ҳам дар вақоёъи баъд аз он .

Худованд дар Қуръон дар сӯраи муборакаи Фуссилат ояи 30 мефармоед :

إِنَّ الَّذینَ قالوا رَبُّنَا اللَّهُ ثُمَّ استَقاموا تَتَنَزَّلُ عَلَیهِمُ المَلائِکَةُ أَلّا تَخافوا وَلا تَحزَنوا وَأَبشِروا بِالجَنَّةِ الَّتی کُنتُم توعَدونَ﴿۳۰﴾

Ба яқин касоне, ки гуфтанд : « Парвардгори мо Худованди ягонааст ! » Сипас истиқомат карданд , фариштагон бар онон нозил мешаванд, ки : « Натарсед ва ғамгин мабошед , ва  башорат бод бар шумо ба он биҳиште, ки ба шумо ваъда дода шудааст !

Дар инҷо нигоҳӣ андохтаем ба шарҳӣ аз Имоми Хоминаӣ перомуни ин оя мисоли эшон аз ҷомеъаи эронӣ .

Убудияти Худо

Дилу ҷони мо дар бархӯрд бо ҳаводиси рӯзмарраИ зиндагӣ , ба таври доим дар ҳолИ фарсоишаст . Бояд ҳисоби ин фарсоишҳоро кард  ва ҷуброни онро бо васоили дуруст , пешбинӣ намӯд , ва ило инсон аз байн хоҳад рафт. Мумкин аст инсон аз лиҳози моддӣ ва сӯрӣ , тануманд ва фарбеҳ ҳам бишавад ; Аммо агар ба фикри ҷуброни ин соишҳо набошад , аз лиҳози маънавӣ нобӯд хоҳад шуд . « ربّنا اللَّه » яъне эътироф ба убудият дар муқобили Худо ва таслим дар муқобил ӯ . Ин чизи хеле бузургӣ аст ; Аммо кофӣ нест.

Истиқомат

Лизо мефармоед : «ثمّ استقاموا»; пойдорӣ ва истиқомат кунанд ва дар ин роҳ боқӣ бимонанд . Инаст ки мӯҷиб мешавад «تتنزّل علیهم الملائکة»، воло бо як лаҳза ва як бурҳаи хуб бӯдан , фариштагони Худо бар инсон нозил намешаванд . Гуфтан , осон аст ; амал кардан , душвор аст ; истимрори амал , бамаротиб душвортар аст . Баъзе фақат мегӯянд ; баъзе ин гуфтаро дар амал ҳам нишон медиҳанд , аммо наметавонанд дар муқобили ҳаводиси олам , дар муқобили тӯфонҳо , дар муқобили тамасхурҳо , дар муқобили таъна заданҳо , дар муқобили душманиҳои ғайримунсифона тоқат биоваранд , лизо мутаваққиф мешаванд ; баъзе ба ин иктифоء ҳам намекунанд ки мутаваққиф башаванд , ақаб гарди мекунанд .

Инсоне, ки ҳузн ва андӯҳ надорад

Инсон вақте ҳузн ва андӯҳ надорад , ба хотир ин аст ки чизеро аз даст намедиҳад . Аввалан муваффақиятҳои ин роҳ зиёдаст ; сониян агар инсони чизеро ҳам аз даст бидиҳад , чун дар роҳи вазифа ва анҷоми таклиф илоҳӣ аст , ваҷдонаш осӯдааст ; мисли хониводаҳои шуҳадо ки бачаҳои онҳо шаҳид шудаанд ва доғдидаҳанд , аммо дар айни ҳол дилҳояшон шод аст .

Тасвири ташиъи пайкарҳои мутаҳҳари шуҳадои сониҳаи болгард дар Эрон

Истиқомати Эрон ва меваҳои ширини истодагӣ

Мувозинаи қудрат дар дунё , ҳамааш ба ёлу куполи зоҳирӣ ва ба чеҳраи абарқудратӣ нест ; истодагӣ лозимаст . Маслан миллати Эрон истодагӣ кард ва пирӯз шуд - ҳам дар Инқилоб , ҳам дар ҷанге. ки Саддом таҳти ҳимояти Амрико роҳи андохт , ҳам дар даврони баъд аз ҷанг - имрӯзи ҳам истодагӣ мекунад ва пирӯз мешавад . Ин фишорҳое, ки мушоҳида мешавад - фишори таблиғотӣ , сиёсӣ , иқтисодӣ , ёргириҳои хоинона ва разолатомез аз даруни кишвар ба василаи душман , ба хотир инаст, ки миллати Эрон тибқи ояи шарифаи «قالوا ربّنا اللَّه ثمّ استقاموا»، сухани ҳақ ва хостаӣ машрӯъ ва мантиқии худро ки дар даст гирифтани умӯри худ ва қатъи дахолати бегонагон ва такя ба ҳукм ва дини илоҳӣ аст , бо садои расо эълом карда ва пои он муҳкам истодааст .

Имрӯзи бавоситаи ҳамин истиқомати эрониҳо , Амрико қудраташ ,  убуҳҳати абарқудратиаш дар чашми миллатҳо рехта ва миллатҳо бедор шудаанд ; Ҷуръату ҷасорат пайдо кардаанд .

Натиҷа инаст ки Худои мутаъол раҳмату баракаташро нозил мекунад. «تتنزّل علیهم الملائکة الّا تخافوا و لاتحزنوا». Ва ҳамонгуна ки мебинем хавф аз душман дар дили ҷавонон эронӣ нест .

Тасвире аз видоъи занони эронӣ бо Оятуллоҳи Раисӣ , раиси ҷумҳӯри шаҳиди Эрон

Худои мутаъол ваъдаи қатъӣ кардааст. ки :  «انّ الّذین قالوا ربّنا اللَّه ثمّ استقاموا تتنزّل علیهم الملائکة الّا تخافوا و لاتحزنوا»؛  истиқомат дар роҳи дуруст натиҷааш ин аст ки Худои мутаъол андӯҳу тарсро аз як инсон ва як ҷомеъа салб мекунад ва муваффақиятро насиби онҳо мекунад . Ин роҳи Худост . Роҳи Худо фақат ба маънои ибодат кардан ва дар кунҷ нишастан нест ; роҳи худо яъне ба саодат расондани ҷомеъаи инсонӣ . Миллати Эрон ин роҳро интихоб кард ; яъне роҳи адолат , роҳи инсоф , роҳи убудияти илоҳӣ , роҳи баробарии инсонҳо , роҳи бародарии инсонҳо бо якдигар ва роҳи ахлоқи некӯ ва писандида ва фазилатҳои инсонӣ ва дар ин роҳ пофишорӣ ҳам кардааст ; бо сахтиҳое. ки дар ин роҳ ҳаст , муқобила карда ва аз онҳо наҳаросида ҳаст . Табиатан Худованд меваҳои ширину дилнишини ин истодагиро ба ӯ хоҳад чашонд .

Барчасп