Паёми таслияти Раҳбари муаззами инқилоб ба муносибати даргузашти оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме даргузашти оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷониро таслият гуфтанд.
Ба гузориши пойгоҳи иттилорсонии дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, матни паёми Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба ин шарҳ аст:
Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун
Бо дареғ ва таассуф хабари даргузашти ногаҳонии рафиқи дерин ва ҳамсангару ҳамгоми даврони муборизоти наҳзати исломӣ ва ҳамкори наздики солҳои мутамодӣ дар аҳди Ҷумҳурии Исломӣ ҷаноби ҳуҷҷатулислом валмуслимин оқои Ҳоҷ Шайх Акбари Ҳошимии Рафсанҷониро дарёфт кардам.
Фуқдони ҳамразм ва ҳамгоме, ки собиқаи ҳамкорӣ ва оғози ҳамдилӣ ва ҳамкорӣ бо вай ба панҷоҳунуҳ соли тамом мерасад, сахт ва ҷонкоҳ аст.
Чӣ душвориҳо ва тангноҳо, ки дар ин даҳҳо сол бар мо гузашт ва чӣ ҳамфикриҳо ва ҳамдилиҳо, ки дар бурҳаҳои зиёде моро бо якдигар дар роҳе муштарак ба талошу таҳаммул ва хатарпазирӣ кашонид.
Ҳуши вофир ва самимияти камназири ӯ дар он солҳо, такягоҳи мутмаинне барои ҳамаи касоне, ки бо вай ҳамкор буданд, ба вижа барои ин ҷониб ба шумор меомад.
Ихтилофи назарҳо ва иҷтиҳодҳои мутафовит дар бурҳаҳое аз ин даврони тӯлонӣ ҳаргиз натавонист пайванди рафоқтеро, ки сароғози он дар байнулҳарамайни Карбалои муалло буд, ба куллӣ бигсалад ва васвасаи ханносоне, ки дар солҳои ахир бо шиддат ва ҷидият дар пайи баҳрабардорӣ аз ин тафовутҳои назарӣ буданд, натавонист дар муҳаббати шахсии амиқи ӯ нисбат ба ин ҳақир халал ворид оварад.
Ӯ намунаи камназире аз насли аввали муборизони зидди ситамшоҳӣ ва аз ранҷдидагони ин роҳи пурхатар ва пурифтихор буд. Солҳо зиндон ва таҳаммули шиканҷаҳои совок ва муқовимат дар баробари ин ҳама ва он гоҳ масъулиятҳои хатир дар дифои муқаддас ва раёсати Маҷлиси шӯрои исломӣ ва Маҷлиси хубрагон ва ғайра, баргҳои дурахшони зиндагии пурфарозу нишеби ин муборизи қадимӣ аст.
Бо фуқдони Ҳошимӣ инҷониб ҳеҷ шахсияти дигареро намешиносам, ки таҷрибае муштарак ва чунин дарозмуддатро бо ӯ дар нишебу фарозҳои ин даврони таърихсоз ба ёд дошта бошам. Акнун ин муборизи куҳансол дар маҳзари муҳосибаи илоҳӣ бо парвандае машҳун аз талош ва фаъолияти гуногун қарор дорад ва ин сарнавишти ҳамаи мо масъулони Ҷумҳурии Исломӣ аст.
Ғуфрону раҳмат ва афви илоҳиро барои вай аз самими қалб таманно мекунам ва ба ҳамсари гиромӣ ва фарзандону бародарон ва дигар бозмондагони эшон таслият арз мекунам.
Ғафараллоҳу лано ва лаҳу
Сайид Алии Хоманаӣ
19 даймоҳи 1395