Бахше аз зиндагиномаи марҳум Оятуллоҳ Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ
Оятуллоҳ Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрони пас аз умре талош ва муҷоҳидат дар роҳи инқилоб ва ислом якшанбе шаб дар синни 82 солагӣ дар Теҳрон дори фониро видоъ гуфт.
Оятуллоҳ Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар соли 1313 (1934) дар рӯстои Баҳрамон аз тавобеи устони Кирмон мутаваллид шуд. Вай дар ибтидои даҳаи чиҳили шамсӣ барои идомаи таҳсил ба ҳавзаи илмияи Қум рафт ва бо муборизони зидди ҳукумати Паҳлавӣ ҳамроҳ шуд .
Ёри дерини Имом Хумайнӣ (р) ва инқилоби исломӣ ба далели муборизоти худ зидди ҳукумати ситамшоҳӣ чандин бор дастгир ва зиндонӣ шуд, аммо аз ормонҳои худ бознагашт ва бунёнгузори ҷумҳурии исломии Эронро танҳо нагузошт .
Бо пирӯзии инқилоби исломии Эрон Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ ибтидо сарпарасти Вазорати кишвари Эрон ва сипас чанд давра раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ шуд ва дар даврони дифои муқаддас дар даврае тӯлонӣ ҷонишинии фармондеҳии кулли қуворо бар уҳда дошт .
Марҳум Оятуллоҳ Рафсанҷонӣ аз соли 1989 (1368) то 1997 ба муддати ду давраи чаҳорсола раисҷумҳури исломии Эрон буд ва пас аз он бо ҳукми раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом шуд, ки ин масъулиятро то поёни умр бар уҳда дошт .
Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар ҳамаи адвори Маҷлиси хубрагон ба унвони намояндаи маҷлис ва узви ҳайъатраиса ҳузур дошт .
Он марҳум ҳамчунин аз соли 2007 (1386) то 2011 (1390) раёсати Маҷлиси хубрагони раҳбариро бар уҳда дошт .