Дастури кори ФАО барои табдили Эрон ба маркази амнияти ғизоии кишварҳои минтақа
Муовини вазири ҷиҳоди кишоварзӣ дар умури тавсеаи мудирият ва манобеъи инсонии Эрон , аз табдили Эрон ба маркази амнияти ғизоии кишварҳои минтақа хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳушанг Муҳаммадӣ дар ҳошияи сию чаҳорумин нишасти кумитаи иҷроии ФАО (ec-34) дар Таиланд, дар дидор бо муовини дабири кулли ин ниҳод, бар тааҳҳуди Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳамкории бештар ва рӯ ба рушд бо ФАО таъкид кард ва афзуд: дар дидорҳои анҷомшуда пешниҳод шуд бо таваҷҷуҳ ба танзим ва тадвини санади амнияти ғизоии донишбунён дар Эрон , Ҷумҳурии Исломии Эрон дар марказияти амнияти ғизоии кишварҳои минтақа қарор гирад.
Муовини дабири кулли ФАО дар ин дидор гуфт: Эрон, яке аз кишварҳои муассир дар Маркази тавсеаи рустоии якпорча барои Осиё ва Уқёнусия аст.
Муовини вазири ҷиҳоди кишоварзӣ дар умури тавсеаи мудирият ва манобеъи инсонии Эрон , изҳор дошт: Ин мавзӯъ мавриди истиқбол қарор гирифта ва қарор аст дархости Эрон дар дастури ҷаласоти баррасиҳои ФАО қарор гирад.
Муҳаммадӣ тасреҳ кард: Агар ин иттифоқ биуфтад ва ФАО пуштибониҳои лозимро анҷом диҳад, Эрон метавонад воҳидҳои тавлиди амнияти ғизоии кишварҳои минтақаро фаъол созад.