Июн 08, 2024 13:54 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил / Истиқболи Русия аз узвияти нозири Эрон дар Авру-Осиё
    Таҳлил / Истиқболи Русия аз узвияти нозири Эрон дар Авру-Осиё

Русия аз узвияти нозири Эрон дар Иттиҳодияи иқтисодии Авру-Осиё ( EAEU ) истиқбол кардааст .

Дар ҳамин иртибот , “ Alexey Overchuk “ муовини нахуствазири Русия бо истиқбол аз дархости Ҷумҳурии Исломӣ барои узвияти нозир дар Иттиҳодияи иқтисодии Авру-Осиё тасреҳ кард , ба эҳтимоли зиёд Эрон авохири моҳи декабри соли ҷории милодӣ ( 2024 ) бо тайи фарояндҳо ба унвони узви нозир ба ин Иттиҳодия бипайвандад . Alexey Overchuk пас аз нишасти Шӯрои байни давлатии Авру-Осиё дар ин бора ба хабарнигорон гуфт : Тарафи рӯси алоқаи худро барои тавсеаи равобити иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон иброз мекунад . 

Alexey Overchuk дар суханронии худ дар нишаст Шӯрои байни давлатии Авру-Осиё низ хотир нишон кард ки Иттиҳодияи иқтисодии Авру-Осиё аз ҳамкории мутақобили сӯдманд ва баробар бо ҳамаи кишварҳои зинафъ истиқбол мекунад .Тардиде нест ки ҳузуру мушорикати Эрон дар Иттиҳодияи иқтисодии Авру-Осиё , зимни кумак ба иқтисоди минтақа , тиҷорати мутақобили миллатҳои минтақаро беш аз пеш тақвият хоҳад кард .

Пеш аз ин низ бисёре аз сиёсатмадорон ва коршиносони масоили минтақа , ҳузури Эрон дар Иттиҳодияи Авруосиёро бисёр ҳоизи аҳамият қаламдод карда буданд. Ба унвони мисол , пеш аз ин , “ Козими Ҷалолӣ “ сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия дар хусӯси имзои мувофиқатномаи тиҷорати озоди Эрон бо Иттиҳодияи Авру-Осиё дар сафҳаи шахсӣ дар барномаи Экс тасреҳ карда буд : “ Ин мувофиқатномаи заминаи ҷаҳонисозии тиҷорати Эрон ва беасар кардани таҳримҳои золимонаи Амрико ва муттаҳидонашро фароҳам мекунад “ . Иттиҳодияи Иқтисодии Авру-Осиё ( EAEU ) як Иттиҳодияи иқтисодии байни давлатии шомили Русия , Арманистон , Беларус , Қазоқистон ва Қирғизистонаст .

То пеш из ин , аъзои нозири ин Иттиҳодияи шомили Узбекистон , Молдова ва Кӯбо ҳастанд .Санги баннои ин Иттиҳодия дар соли 2014 милодӣ ниҳода шуд . Ин воқеиятро наметавон нодида гирифт ки пас аз пайвастани Эрон ба Паймони Шанхай ва гуруҳи БРИКС , Иттиҳодияи иқтисодии Авру-Осиёи сеюмин ташкилоти Авру-Осиёи аст ки зарфиятҳои ҷадидӣ дар масири густариш ва афзоиши содироти колоҳои эронӣ ба кишварҳои ҳавзаи Авру-Осиё эҷод кардааст .Такмили гузаргоҳи  рейли шимол - ҷануб бо мушорикати рӯсҳо - ки шимоли Аврупоро ба шибҳи қорраи Ҳинд муттасил ва даромадҳои саршоре аз маҳали мубодилоти рейлӣ ва тронзити насиби кишварҳои масир , аз ҷумла Эрон ва Русия мекунад , зерсохтии ҳаётӣ дар ин замина ба шумор меравад .

Бар асоси ин мувофиқатнома беш аз 87 дарсади колоҳои тиҷории байни Эрон ва кишварҳои узви Иттиҳодия аз аворизи гумрукии муъоф ва таҳаввулии бузург дар тиҷорати Эрон бо кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии Авру-Осиё рух хоҳад дод .Дар як ҷамъбандии куллӣ , бояд гуфт : Иттиҳодияи иқтисодии Авру-Осиё ба манзури муқобила бо инҳисорталабии кишварҳои султагари ғарбӣ ва мубориза бо онҳо дар ҳавзаи иқтисодӣ таъсис шудааст . Албатта дар нигоҳи аввал арсаи фаъолияти он маҳдӯд ба фаъолиятҳои иқтисодӣ аст .

Аммо дар нигоҳи ҷомеътар ва калонтар метавон ба ин воқеият даст ёфт ки манофеи ҳамкорӣ бо ин Иттиҳодия танҳо маҳсӯр ба арсаи иқтисодӣ нест ва осори ин ҳамкориҳо дар арсаҳои сиёсӣ ва амниятӣ низ тасаррӣ хоҳад ёфт . Дар ин миён , нуктае ки вуҷӯд дорад ин аст ки Эрон ва кишварҳои Авру-Осиё дорои иқтисод ва саноеъи мукаммал ҳастанд . Дар минтақаи ғарби Осиё Эрон дорои шабоҳати зиёдӣ бо кишварҳои ҳамҷавори нимаи ҷанӯбӣ худаст .

Дар ҳақиқат , Эрон дар умӯри иқтисодӣ ва тиҷорӣ дар минтақа аз мазиятҳои нисбии қобили таваҷҷӯҳе  бархурдораст . Дар айни ҳол , иқтисод ва саноеъи Эрон бо кишварҳои минтақаи Авру-Осиё , мукаммил маҳсӯб мешавад . Мукаммил будан ба ин маъност ки он чӣ Ҷумҳурии Исломӣ ниёз дорад онҳо метавонанд таъмин кунанд ва дар муқобил низ ниёзҳои онҳоро кишвар Эрон метавонад таъмин кунад ва ин бузургтарин имтиёзӣ аст ки дар таъомулоти байналмилал ва дар чорчуби Иттиҳодияи иқтисодии Авру-Осиё метавон дид .

Ба ин тартиб , узвияти нозири Эрон дар Иттиҳодияи иқтисодии Авру-Осиё барои давлатҳо ва миллатҳои минтақа аз аҳамияти бисёр зиёдӣ бархурдор аст . Зеро ин амр барои ҳар дутараф манофеи зиёдӣ дар пай хоҳад дошт . Ин дар ҳоле аст, ки муқарар шудааст , Эрон барои тақвияти ҳамкориҳо бо Иттиҳодияи иқтисодии Авру-Осиё , кори худро аз Арманистон оғоз кунад .