Июн 08, 2024 16:08 Asia/Dushanbe

Иҷлоси фавқулода гурӯҳи ҳашт кишвар дар ҳоли тавсеаи исломии мавсӯм ба “Ди 8 “ дар Истанбули Туркия бо ҳузури сарпарастии Вазорати умӯри хориҷаи Эрон оғоз ба кор кард .

Ба гузориши Ирно , Иҷлоси фавқулода гурӯҳи ҳашт кишвари исломӣ дар ҳоли тавсеаи мавсӯм ба “ Ди 8 “ бо ҳузури Алӣ Боқирии Каннӣ , сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе дар Кохи торихии Дулмои боғчаи Истанбул оғоз ба кор кард .

Дар ин нишаст иловабар сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон , Муҳамадисҳоқ Дор вазири умӯри хориҷаи Покистон , Ретно Марсудт вазири умӯри хориҷаи Индонезия , Муҳамад Ҳасани вазири умӯри хориҷаи Малайзия ва вазири рифоҳи Бангладеш ва мақомоти баландпояи Мисру Нигерия ширкат мекунанд .

Сарпарасти дастгоҳи дипломасии Эрон дар сафар ба Истанбул , иловабар суханронӣ дар нишасти фавқ , бо вазирони умӯри хориҷаи ширкаткунанда дар нишаст Истанбул дар хусӯси лузӯми иқдоми мунсаҷим ва ҳамоҳанги кишварҳои исломӣ барои таваққуфи ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва ҳамчунин ирсоли кумакҳои фаврӣ барои мардуми таҳти муҳосираи Фаластин дар борикаи Ғазза ва Рафаҳ дидор ва гуфтугў хоҳад кард .

Гуруҳи ҳашт кишвари исломӣ дар ҳоли тавсеа бо номи ихтисории гурӯҳ “ Ди 8 “ ( D8 ) , гуруҳи иқтисодии муташаккил аз ҳашт кишвар дар ҳоли тавсеаи исломӣ : Эрон , Туркия , Покистон , Бангладеш , Индонезия , Малайзия , Миср ва Нигерия аст .

Барчасп