Ройзании намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия бо сафири Эрон дар Кобул
Июн 09, 2024 18:08 Asia/Dushanbe
Намояндаи вижаи раисиҷумҳурии Русия дар умури Афғонистон бо сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Кобул дидору гуфтугӯ кард.
Ба гузориши Хабаргузории донишҷӯёни Эрон (Исна), Замир Кобулов, намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Русия дар умури Афғонистон рӯзи якшанбе бо Ҳасан Козимии Қумӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Афғонистон дар ҳошияи дуюмин нишасти кишварҳои узви гуруҳи тамоси минтақаӣ, ки ба мизбонии Теҳрон баргузор шуд, дар бораи шароити Афғонистон табодули назар кард.
Дуюмин нишасти кишварҳои узви гуруҳи тамоси минтақаӣ дар бораи Афғонистон бо ҳузури намояндагони Эрон, Покистон ва Чин дар Теҳрон баргузор шуд.
Барчасп