Омодагии ҳавошиносии Эрон барои ҳамкории муштарак бо Тоҷикистон
Раиси Созмони ҳавошиносии Эрон дар дидори узви кабинаи давлати Тоҷикистон ва теъдоде аз аъзои Кумитаи давлатии мудирияти замин ва геодизияи ин кишвар, аз омодагии ҳавошиносии Эрон барои ҳамкории муштарак бо Тоҷикистон хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саҳари Тоҷбахши Мусулмон дар боздиди узви кабинаи давлати Тоҷикистон ва теъдоде аз аъзои Кумитаи давлатии мудирияти замин ва геодизияи ин кишвар аз зарфиятҳо ва тавонмандиҳои Созмони ҳавошиносии Эрон изҳор дошт: Созмони ҳавошиносии Эрон зарфиятҳо ва тавонмандиҳои қобили таваҷҷуҳе дар ҳавзаҳои фанне, муҳандисии таҷҳизот, тавлиди нармафзорҳои ҳавошиносӣ ва маҳсулоти корбурдӣ ва омӯзишҳои тахассусӣ дар ихтиёр дорад, ки омодааст то дар ин заминаҳо бо кишвари Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад.
Вай ба ташреҳи вазъияти иқлими Эрон ва Осиё дар соли 2023 пардохт ва гуфт: Шояд муҳиммтарин мавзӯе, ки имрӯз масъалаи иттилооти ҳавошиносӣ ва иқлимро дар дунё таҳти таъсир қарор дода, масъалаи тағйири иқлим ва рухдодҳои вобаста ба он аст; мавзуъе, ки аҳамияти зиёде дар дунё дорад.
Вай идома дод: Охирин гузориши Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ аз вазъияти иқлими қораи Осиё нишон медиҳад, ки тағйироти қобили таваҷҷуҳе дар барометрҳои дамо(дараҷаи ҳаво) ва бориши ин қора рух додааст.
Тоҷбахши Мусулмон афзуд: Бар асоси ин гузориш бахши зиёде аз Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон ва ғайра шоҳиди афзоиши қобили таваҷҷуҳ дамо нисбат ба дарозмуддат будаанд. Илова бар ноҳинҷории дамоӣ, мизони тағйироти бориши Осиё низ қобили таваҷҷуҳ будааст.
Вай тасреҳ кард: Сатҳи пӯшиши барфи Осиё низ дар соли гузашта тағйироти муҳимме доштааст, ки аз ҷумлаи он метавон ба коҳиши сатҳи пӯшиши барф дар баландиҳои Эрон ва бисёре аз бахшҳои минтақа ишора кард.
Раиси Созмони ҳавошиносии Эрон гуфт: Тағйироти иқлим барои Тоҷикистон ба далели доштани пиряхҳои табиӣ, бисёр бо аҳамият аст чаро ки афзоиши дамои ҳаво сабаби об шудани пиряхҳо ва коҳиши масоҳати онҳо мешавад.
Тоҷбахши Мусулмон афзуд: Бар асоси гузоришҳои байналмилалӣ 96 дарсад аз хатарҳое, ки мардумро таҳдид мекунад, марбут ба рухдодҳое мисли сел, тӯфон, вазиши бод, хушксолӣ ва ғайра аст.
Дар идома раиси Кумитаи давлатии мудирияти замин ва геодизияи ҷумҳури Тоҷикистон ибрози умедворӣ кард, ки ин кишвар дар ояндаи наздик бо Созмони ҳавошиносии Эрон ҳамкории наздик дошта бошад.