Табрики солрузи валодати босаодати ҳазрати Имом Алӣ ан-Нақӣ (а)
Имрӯз (шанбе) понздаҳуми зилҳаҷҷаи соли 1445 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 22 июли 2024 , солрузи валодати босаодати ҳазрати Имом Алӣ ан-Нақӣ (а) аз наберагони Расули гиромии Ислом (с) аст.
Ҳазрати Имом Алӣ ан-Нақӣ (а) дар соли 212 ҳиҷрии қамарӣ наздики шаҳри Мадина ба дунё омад ва таҳти роҳнимоиҳои падари бузургавораш Имом Ҷавод (а) қарор гирифтанд ва баъд аз реҳлати падар, ӯҳдадори имомат ва раҳбарии ҷомеаи исломӣ шуданд.
Аз лақабҳои машҳури ишон «Ҳодӣ» ба маънои ҳидояткунандааст.
Имом Ҳодӣ (а) дар муаррифии исломи ростин талоши бисёр карданд ва бо баргузории ҷаласоти фаровоне дар бораи масоили мухталифи ақидатӣ, фикрӣ ва иҷтимоӣ ба саволот ва шубҳаҳои матраҳшуда посух доданд.
Ҷамъи зиёде аз бузургони илму адаб назди ҳазрати Имом Алӣ ан-Нақӣ (а) гирд меомаданд ва аз дарёи бекарони дониши он ҳазрат баҳра мебурданд.
Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон, фаро расидани солрузи валодати ҳазрати Имом Алӣ ан-Нақӣ (а)-ро ба ҳама дӯстдорони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) табрик мегуяд.