Таҳлил : Муқобилаи Эрон бо тероризм дар Афғонистон
Сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон назди Созмони Милал дар нишаст ин Шӯро дар мавриди Афғонстон таъкид кард Эрон барои муқобила бо ифротгароӣ , тероризм ва тавсеа наёфтаги дар Афғонистон талошу омодагии худро барои ифои нақши фаъол дар бозсозии он эълом мекунад .
“Амир Саиди Ереванӣ “ дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали перомуни « вазъият дар Афғонистон » гуфт , кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон бояд бетараф ва бидуни қайду шарт боқӣ бимонад . Ҳар гуна сиёсисозии кумакҳо ба мардуми Афғонистон осеб мерасонад .
Воқеияти амр низ ин аст ки кишварҳои ҳамсояи Афғонистон аз ҳар гӯна таҳаввулу буҳрон дар ин кишвар таъсир мепазиранд ва саррези ҳамаи мушкилоту буҳронҳои ҷорӣ дар Афғонистон мутаваҷҷеҳи кишварҳои минтақаӣ ба хусӯи ҳамсоягони он аст . Муъзалоти аъам аз қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа , афзоиши оворагону тероризм ба таври мустақим бар таҳаввулоти минтақаӣ асар бахшаст .
Аз инрӯ Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳамроҳии соири кишварҳои минтақа интизор доранд Шӯрои амнияти Созмони Милал сирфан ба интишори гузориши вазъияти Афғонистон басанда накунад ва иқдоми ҷиддӣ барои ҳали мушкилоти он сӯрат диҳад Исмоъили Боқирии коршиноси масоили сиёсӣ дар ин бора мегӯяд “ агар чӣ баргузории нишастҳои марбӯт ба Афғонистон дар Шӯрои амнияти Созмони Милали баёнгари фаромӯш нашудани ин кишвар аст аммо ин Шӯро токунӯн иқдоми асосӣ дар кумак ба ҳали мушкилоти Афғонистон сӯрат надодааст ва ҳамчунон ҷомеъаи ҷаҳонӣ шоҳиди ташдиди вахомати авзоъи Афғонистон дар бахшҳои мухталифи омӯзишӣ амниятӣ иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аст “ аз инрӯ Ҷумҳурии Исломии Эрон банно ба асли ҳамсоягӣ ва қарори доштани Афғонистон дар ҳавзаи тамаддуни Эрон ҳамвора ба ҳимоят аз Афғонистон идома дода ва ба он мутаъаҳид аст .
Эрон бар ғами таҳримҳои золимонаи ғарби ба хусӯс Амрико дар ҳар шароите ва дар замонҳои буҳронӣ ва чолишҳое, ки мардуми Афғонистон бо он мувоҷеҳ будаанд ба кумаки онон шитофта ва талош кардааст бахше аз мушкилоти ононро ҳал кунад дар ин ҳол ба гуфта Ереванӣ намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон назди Созмони Милал Эрон марзҳои худро ба рӯй оворагону паноҳндагони афғонистонӣ боз нигаҳ дошта ва беш аз шаш миллион Афғонистониро бо ҳазинаи солонаи 10 миллиард доллар мизбонӣ кардааст .
Ин бадон маъно аст ки Ҷумҳурии Исломии Эрон бо дарки шароити мардуми Афғонистон , бидуни сахтгириҳое ки соири кишварҳои ҳамсояи Афғонистон эъмол мекунанд , талош кардааст бо мизбонӣ аз афғонҳое, ки ба ҳар далелии кишвари худро тарк кардаанд аз масоиби онон бакоҳад ин дар ҳоле аст ки Созмони Милал ба хусӯс Шӯрои амният он иқдоме дар ҷиҳати кумак ба кишварҳои мизбон дар ҷиҳати пазироӣ аз муҳоҷирини афғон сӯрат намедиҳад балки Амрико бо тақвияти гуруҳҳои хушунат талабу террористӣ дар ҷиҳат манофе шуми худ ҳамчунон мӯҷиб ба беҷо шудани мардуми Афғонистон чӣ дар дохили кишвар ва чӣ овора шудани онон дар кишварҳои ҳамсоя шудааст .
Ҷумҳурии Исломии Эрони бар ин бовар аст ки танҳо роҳи ҳали минтақаӣ метавонад ба ҳали мушкилоти Афғонистон кумак кунад ва кишварҳои ғарбӣ ки аз ҳар гӯна пайёмадҳои буҳронҳои иҷтимоӣ ва амниятии Афғонистони масун ҳастанд ба ҳар қимат ва дар ҳар шароите аҳдофи шуми худро дар Афғонистон дунбол мекунанд ки муҳимтарин онҳо транзет ва интиқоли тероризм ба кишварҳои минтақаӣ ба хусӯс Осиёи Марказӣ аст .
Ҷумҳурии исломӣ ҳамвора таъкид кардааст омодаи ҳар гӯна ҳамкори барои тасбити амният дар Афғонистон ва ҳали муъзалоти мардуми ин кишвар аст аммо Амрико ва кишварҳои ғарбӣ ки тамоюле ба поёни буҳрони Афғонистон надоранд кӯшидаанд ҳар гӯна ҳамкории минтақаӣ барои кумак ба ҳали мушкилоти мардуми Афғонистонро низ ноком кунанд .