Январ 09, 2017 19:44 Asia/Dushanbe
  • Идомаи паёмҳои таслияти мақомоти ҷаҳон ба муносибати даргузашти оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ

Бо гузашти ҳудуди 24 соат аз даргузашти оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ аз мақомоти баландпояи Ҷумҳурии Исломии Эрон, паёмҳои таслияти сарони кишварҳои ҷаҳон ба давлат ва миллати Эрон ҳамчунон идома дорад.

Раисиҷумҳури Сурия даргузашти раиси Маҷмааи ташхиси маслиҳати низомро ба Раҳбари муаззами инқилоб ва раисиҷумҳури Эрон таслият гуфт. Башор Асад-раиси‎ҷумҳури Сурия бо ирсоли ду паёми ҷудогона барои Раҳбари муаззами инқилоб ва раисиҷумҳурии Эрон таъкид кард, ки раиси фақиди Маҷмааи ташхиси маслиҳати низом ба мавозеи шуҷоъона ва содиқона ва иқдомоти мустамар дар дифоъ аз каромати миллати Эрон ва озодии он маъруф буд.

Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон ҳам дар паёмҳои ҷудогонае ба Раҳбари муаззами инқилоб ва раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон даргузашти оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷониро таслият гуфт ва саҳми бузурги оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар тавсеаи равобити дӯстӣ ва ҳамкории Эрон ва Озарбойҷонро ёдовар шуд.

Генерал Мишел Авн-раисиҷумҳури Лубнон ҳам бо ирсоли паёми таслият барои Ҳасани Рӯҳонӣ- раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, ки оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ ҳамвора ҳомии Лубнон ва якпорчагӣ он буд.

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури пешини Афғонистон ҳам иртиҳоли оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ-раиси Маҷмааи ташхиси маслиҳати низомро тасалият гуфта ва вайро аз шахсиятҳои озодихоҳ ва мубориз тавсиф кардааст.

Абдулазиз Бутефлиқо-раисиҷумҳури Алҷазоир ва Султон Қобус-подшоҳи Уммон низ дар паёмҳои ҷудогонае даргузашти оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷониро ба давлат ва миллати Эрон таслият гуфтанд.