Пайкари Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба хок супурда шуд
Пайкари раиси фақиди Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон дар марқади ҳазрати имом Хумайнӣ (р) ба хок супурда шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, пайкари Оятуллоҳ Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ, ки имрӯз сешанбе бо ҳузури садҳо ҳазор нафар аз мардуми азодори Эрон дар хиёбонҳои Теҳрон ташйиъ шуда буд, дар марқади имом Хумайнӣ (р), бунёнгузори инқилоби исломӣ ба хок супурда шуд.
Ҳазрати Оятуллоҳ аъзамии Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар Донишгоҳи Теҳрон бар пайкари Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ намоз хонданд.
Дар маросими ташйии пайкари Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ, мақомоти олирутбаи кишварӣ ва лашкарии Эрон ва шуморе аз мақомоти кишварҳои ҳамсоя ва сафирони кишварҳои хориҷии муқими Теҳрон ҳузур доштанд.
Раиси фақиди Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон якшанбе шаб ба далели оризаи қалбӣ дар бемористоне дар Теҳрон даргузашт.