Эъломи замони мунозираҳо ва барномаҳои таблиғотии даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ
Июн 30, 2024 10:31 Asia/Dushanbe
Душанбе 11 тир мунозираи аввал ва сешанбеи 12 тир мунозираи дувум байни ду номзади роҳёфта ба даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор хоҳад шуд.
Бо мушаххас шудани ҷадвали таблиғоти даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии душанбе 11 тир аз соъати 21:30 мунозираи аввал ва сешанбеи 12 тир аз соъати 21:30 мунозираи дувуми байни ду номзади роҳ ёфта ба даври дувум баргузор хоҳад шуд.
Бар асоси эъломи ситоди интихоботи кишвар Масъуди Пизишкён бо 10 миллиону 415 ҳазору 991 рай ва Саъиди Ҷалилӣ бо 9 миллиону 473 ҳазору 298 рай ба даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ роҳ ёфтанд.
Барчасп