Январ 10, 2017 18:55 Asia/Dushanbe
  • Таслиятгуии мақомоти кишварҳо ба давлат ва миллати Эрон идома дорад

Таслият‌гуии мақомот ва шахсиятҳои кишварҳои мухталиф ба давлату миллати Эрон ба муносибати даргузашти Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ идома дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбеи Тоҷикистон ба муносибати иртиҳоли Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ, дафтари ёдбудеро дар маҳалли сафорат гушуда то мақомот ва шахсиятҳои тоҷик ҳамчунин дипломатҳо ва намояндагони хориҷии муқими Тоҷикистон зимни адои эҳтиром ба мақоми Оятуллоҳ Ҳошимӣ ин дафтарро имзо кунанд.

Ин дафтар рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбе дар маҳалли сафорати Эрон дар Душанбе гушуда хоҳад буд.

Дар Маскав низ сафирони кишварҳои Ироқ, Муғулистон, Босния ва Ҳерсеговина, Фаластин, Юнон, Литва, Буркина Фасо, Сурия, Урдун, Аммон ва ҷамъе аз мақомоти Вазорати умури хориҷа ва шахсиятҳои сиёсии Русия аз ҷумла намояндаи вижаи Вазорати умури хориҷаи ин кишвар бо ҳузур дар маҳалли сафорати ҷумҳурии исломии Эрон, даргузашти Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷониро таслият гуфтанд ва бо давлату миллати Эрон ҳамдардӣ карданд.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ бо ирсоли паёме ба раисҷумҳури Эрон даргузашти Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷониро таслият гуфт.

Намояндагон ва сафирони хориҷӣ дар Ҳинд низ бо ҳузур дар маҳалли сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар Деҳлии Нав ба мақоми Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ адои эҳтиром карданд.

Карен Караптиян, нахуствазири Арманистон низ дар дидори Саид Козими Саҷҷодӣ, сафири Эрон дар Ереван, иртиҳоли Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷониро ба давлату миллати Эрон таслият гуфт.

Сафоратхонаҳои Эрон дар бисёре аз кишварҳо аз ҷумла Туркия, Қирғизистон, Словения, Зимбабве ва Сенегал ҳам дафтарҳои ёдбудро ба муносибати иртиҳоли Оятуллоҳ Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси фақиди Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом гушудаанд, то шахсиятҳои дохилӣ ва байналмилалии муқим онро имзо кунанд.

Парчами ҷумҳурии исломии Эрон дар дигар кишварҳои ҷаҳон имрӯз ба ҳолати нимаафрошта даромадааст.

Масъуди Боризонӣ, раиси минтақаи Курдистони Ироқ ҳам имрӯз риҳлати Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷониро ба раисҷумҳури исломӣ ва миллати Эрон таслият гуфт.

Ҳамчунин Саид Аммор Ҳаким, раиси Маҷлиси аълои исломии Ироқ ҳам, ки барои ҳузур дар маросими ташйии Оятуллоҳ Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар садри ҳайъате аз мақомҳои ироқӣ ба Теҳрон сафар кардааст, дар ҳарами имом Хумайнӣ (р) гуфт: Ҳузури ҳамаи гурӯҳҳои мардуми Эрон дар маросими видоъ бо Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ, нишондиҳандаи ҷойгоҳи эшон ва умқи вафодории мардуми Эрон ба раҳбарони сиёсии худ аст.

Ҷош Эрнест, сухангуи Кохи Сафед ҳам даргузашти Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷониро ба миллати Эрон таслият гуфтааст.

 

Барчасп