Баргузории шашумин Коммисияи муштараки иҷрои БАРҶОМ дар Вена
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i11575-Баргузории_шашумин_Коммисияи_муштараки_иҷрои_БАРҶОМ_дар_Вена
Шашумин Коммисияи муштараки иҷрои барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) бо ҳузури намояндагони Эрон ва гурӯҳи 5+1 имрӯз дар Вена, пойтахти Австрия баргузор шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 10, 2017 17:39 Asia/Dushanbe
  • Баргузории шашумин Коммисияи муштараки иҷрои БАРҶОМ дар Вена

Шашумин Коммисияи муштараки иҷрои барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) бо ҳузури намояндагони Эрон ва гурӯҳи 5+1 имрӯз дар Вена, пойтахти Австрия баргузор шуд.

Ба иттилои Ирно, раёсати ҳайъати гурӯҳи 5+1 дар ин Коммисияи муштарак ба уҳдаи Хелга Шмид буд ва раёсати тарафи эрониро Саидаббоси Ироқчӣ, муовини вазири умури хориҷаи Эрон ба уҳда дошт.

Шашумин нишасти Коммисияи муштараки Эрон ва 5+1 ба дархости Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ва барои баррасии бадаҳдиҳои Амрико ва тамдиди қонуни таҳрими Эрон ISA баргузор шуд.

Рӯзи гузашта низ нишасти коргурӯҳи иҷроӣ кардани лағви таҳримҳо бо ҳузури ҳайъатҳои каршиносӣ аз Эрон ва Амрико дар Вена баргузор шуд.

Ҳайъати коршиносии Эрон рӯзи гузашта ба таври ҷудогона дидорҳое бо ҳайъатҳои Чин, Русия ва Амрико дошт.

Саидаббоси Ироқчӣ, муовини вазири умури хориҷаи Эрон ва раиси эронии ситоди пайгирии иҷрои БАРҶОМ таъкид кардааст, ҷумҳурии исломии Эрон нақзи тааҳҳудот дар бораи иҷрои БАРҶОМ-ро таҳаммул нахоҳад кард ва вокуниши муносибе нишон хоҳад дод.