Бозтоби густардаи даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон
(last modified Fri, 05 Jul 2024 16:20:29 GMT )
Июл 05, 2024 21:20 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби расонаии интихоботи президентӣ дар Эрон
    Бозтоби расонаии интихоботи президентӣ дар Эрон

Ҳамзамон бо даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон, расонаҳои байналмилалӣ ҳузури густардаи мардумро ба тасвир кашиданд.

Дар ҳамин росто ва ба гузориши рӯзи ҷумъаи Ирна, шабакаҳои хабарии “Алҷазира”, Си Эн Эни Амрико, Франс - 24, Би Би Си, Хабаргузории Арманистон, рӯзномаи “Ҳиндустони таймс”, Пи Ти О-и Ҳинд, “Тренд”-и ҷумҳурии Озарбойҷон, “Индиа тудей”, рӯзномаи “Гордиан”-и Британия ва бисёре дигар аз расонаҳои осиёӣ, арабӣ ва байналмилалӣ ба пӯшиши ин интихобот пардохтанд.

Хабаргузории “Спутник”-и Русия, телевизиони марказии Чин, хабаргузории “Анатолия”-и Туркия ҳам ин интихоботи муҳимро бозтоб доданд.

Даҳҳо расонаву хабаргузорӣ аз саросари ҷаҳон зимни пӯшиши ин рӯйдод ба мушорикати густардаву истиқболи мардуми Эрон дар ин интихобот ишора карданд.