Паёми Пизишкиён ба Сайидҳасан Насруллоҳ:Ҳимоят аз муқовимат идома меёбад
Раисҷумҳури мунтахаби Эрон дар паёме ба Сайидҳасан Насруллоҳ-дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, таъкид кард: Ҳимоят аз муқовимат бо қудрат идома хоҳад дошт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Масъуди Пизишкиён-раисҷумҳури мунтахаби Эрон рӯзи душанбе дар паёме бо тақдир аз Сайидҳасан Насруллоҳ ба хотири паёми табрик таъкид кард :Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора пуштибони муқовимати мардуми минтақа дар муқобили режими номашруъи саҳюнистӣ будааст.
Пизишкиён дар ин паём афзуд ; Ҳимоят аз муқовимат реша дар сиёсатҳои усулии низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон, ормонҳои Имом Хумайнӣ (ра) ва раҳнамудҳои Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дошта ва бо қудрат тадовум хоҳад дошт.
Раисҷумҳури мунтахаби Эрон гуфт : Итминон дорам ҷунбишҳои муқовимат дар минтақа иҷоза нахоҳанд дод режими саҳюнистӣ ба сиёсатҳои ҷангафрӯзона ва ҷинояткоронаи худ алайҳи мардуми мазлуми Фаластин ва дигар миллатҳои минтақа идома диҳад.
Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи шанбе дар паёми табрик ба Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури мунтахаб гуфта буд, Ҳизбуллоҳ ва ҷунбишҳои муқовимат, Эронро паштвонаи қавӣ ва ҳамешагӣ барои муқовимат ва мустазъафон медонанд.