Июл 09, 2024 17:29 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики раисиҷумҳури Миср ва шоҳи Урдун ба раисиҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон

Раисиҷумҳури Миср ва шоҳи Урдун пирӯзии мунтахаби мардуми Эрон дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро табрик гуфтанд.

Абдулфаттоҳ Сиси, раисиҷумҳури Миср душанбешаб дар паёме бо табрики интихоби Масъуди Пизишкиён ба унвони раисиҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ибрози умедворӣ кард, равобити Қоҳира - Теҳрон дар давраи ҷадид густариш ёбад.

Абдуллоҳи дувум, шоҳи Урдун ҳам дар паёми табрик ба Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳурии мунтахаби мардуми Эрон, густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар давраи ҷадидро хостор шуд.

Пеш аз ин ҳам сарону мақомоти кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар паёмҳое пирӯзии Масъуди Пизишкиён дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эронро табрик гуфтанд ва бар тавсеаи ҳамкориҳои муштарак бо Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид карданд.

Даври дувуми чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон рӯзи ҷумъа (панҷуми июл) баргузор ва Масъуди Пизишкиён ба унвони нуҳумин раиси ҷумҳурии мунтахаби мардуми Эрон интихоб шуд.

 

Барчасп