Июл 09, 2024 19:26 Asia/Dushanbe
  • Ибтикори Эрон дар муаррифии саҳюнизм ба унвони шакле аз нажодпарастӣ

Сафир ва намояндаи Эрон назди созмонҳои байналмилалии мустақар дар Женева дар баёнияи муштараке, ки ба намояндагӣ аз теъдоде кишварҳои исломӣ ва бархе кишварҳои мустақил дар нишасти 56 Шӯрои ҳуқуқи башар қироат кард, саҳюнизмро аз мазоҳири нажодпарастӣ хонд.

Ба гузориши ИРНА, Алии Баҳрайнӣ, сафир ва намояндаи Эрон назди созмонҳои байналмилалии мустақар дар Женева, дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башар, ки бо ҳузури гузоришгари вижаи нажодпарастӣ баргузор шуд, ба намояндагӣ аз кишварҳои исломӣ ва бархе кишварҳои мустақил баёнияи муштаракеро бо меҳварияти зарурати эҳёи Қатъномаи 3379 –и Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ростои шиносоии саҳюнизм ба унвони яке аз шаклҳои нажодпарастӣ қироат кард.

 

Барчасп